Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Паустовский Константин

Паустовский Константин

Паустовский Константин Геор­гиевич (31. 5. 1892, Москва —14. 7. 1968, хамон чо; оромгодхаш дар шахри Тарусаи вилояти Карлуга), нависандаи советии рус. Ав­валин хикояаш («Дар руи об») соли 1912 ба табъ расид. Дар Университети Киев   хондааст (1911—13). Пас аз Револютсияи Октябр дар газетахо ва баъд дар РОСТА-ю ТАСС (1924—29) хамкори кардааст. Асархои аввалинаш дорои сюжети тезу мураккаб буда, кахрамононаш хаётдуст, душ­мани кухнапарасти ва ташнаи capгузаштхои романтикианд (мачмуаи хикоя ва очеркхои «Манзарахои бахр», 1925; «Минетоза», 1927; «Киштихои ру ба ру», 1928; романи «Асрхои чилодор», 1929). Повести «Каро-Бугоз» (1932) уро хамчун нависанда машхур гардонд.

Солхои 30 повестхои «Такдири Шарл Лонсевил» (1933), «Колхида» (1934), «Бахри Сиёх» (1936), «Бурчи Калби Акбар» (.1937), «Повести шимоли» (1938; филми хамном, 1960), инчунин повестхои тарчумаихолии доир ба ахли санъат «Исаак Левитан», «Орест Кип­ренский» (харду-—1937), «Тарас Шевченко» (1939) офарида шудаанд. Дар «Рузхои тобистон» (1937), «Дар кишвари Мешорск» (1939) ва «Алхи хонаи кухна» (1941) махорати баланди нависандагии Паустовский зохир шуд. Повести «Садбарги тиллои» (1955) аз мехнати душвори нависандаги хикоят мекунад. Солхои зиёде ба таълифи асари тарчумаихолии «Досто­ни хаёт» машгул буд, ки дар он аз рузгори худ ва ходисоту вокеахои солхои 1919—30-и Россия хикоят меку­над.

Ин асар, ки дар хакикат чамъбасти чустучухои эчоди ва маънавии нависанда мебошад, аз шаш китоби ба хам алокаманд — «Солхои пешин» (1945), «Айёми бекарори чавони» (1955), «Орози асри номаълум» (1957), «Замони умедворихои калон» (1959), «Хамла ба самти чануб» (I960), «Оворагихо» (1963) иборат аст. По­вести «Колхида» (1936), мачмуаи хикояхои «Дили харосон» (1960), «Сабади чалгуза» (1964), «Садбарги заррин»-и Паусвтовский (1983) ба забони точики тарчума шудаанд. Асархои Паустовский ба забонхои хоричи низ тарчума шуда­анд. Бо ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медал мукофотонида шудааст.

Основание: Собрание сочинений, том 1—8, Москва. 1967—70.

Адабиёт:     Левица-и А Л., Константин Паустовский. Очерк творчества. Москва. 1969; Воспоминания о Константине Паустов­ском, Москва; 1975.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …