Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Патристика

Патристика

Патристика (аз юнони pater — падар), исталохест, ки мачмуи таълимотхои дини, фалсафи ва сиёсию ичтимоии мутафаккирони асрхои 2—8 масехиро ифода мекунад. Патристика дар шарояти бухрони сохти чамъияти гуломдори пайдо шуда, дар мубориза ба мукобили гностисизм, хама гуна шаклхои бидъат ва умуман дину оинхои кадими ташаккул ёфтааст. Патристика бо идеализми афлотуния, навафлотуния робитаи мураккаб дошт.

Давраи аввали инкишофи Патристика бо фаъолияти ба ном хомиёни рошиди алокаманд аст. Онхо мекушиданд, ки дар асоси акидахои масехият системаи ягонаи фалсафи бунёд намоянд. Нуктаи олии Патристика фаъолияти махфили «каппадокихо» мебошад. Дар нимая дуюми асри 5 асархои динию фалсафии Ареоиагитикхо таълиф шуданд. Дар ин асархо кушиш шудааст, ки олам хамчун мачмуи рамзхо шарх дода шавад. Дар давраи охири Патристика ахкоми дин мукаррару мустахкам гардид, ди­алектикаи идеалисти таназзул ёфт ва илм побанди дин шуд ва нихоят аз тарафи Иоанн Дамаскин бунёди схоластика гузошта шуд. Баъдтар баъзе масъалахои Патристикаи гарби (ё худ лотини) ва Патристикаи шар­ки (ё худ юнони) ба схоластикаи Европаи Гарби ва Византия мерос монданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.