Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Пастии Турон

Пастии Турон

Пастии Турон, хамвории Т у р о н, кисми хамвори Осиёи Миё­на ва Казокистони Чанубист, ки онро биёбонхои Карокум, Кизилкум ва гайра ишгол кардаанд. Дар Чануб бо куххои Копетдог ва доманаи куххои Паропамиз, дар Fарб бо сохили шаркии бахри Каспий, дар Шимол Fарб бо шохахои ча­нубии кухи Мугочар, дар Шимол бо пуштакухи Тургай, дар Шимоли Шарк бо пасткуххои Казокистон, дар Чануби Шарк бо куххои Тиёншон ва Помиру Олой хамхудуд аст. Дар Шарк ба воситаи интихои шаркии биёбони Бетпакдала ва куххои Чую Или аз биёбонхои хавзаи Балхашу Алокул чудо шу­дааст. Кисми асосии Пастии Турон бо плитаи Турон мувофикат мекунад, ки тахкурсии чиндори он бо тахнишастхои мезозой ва кайнозой пушида шуда, танхо дар баъзе чойхо (Манкишлок — куххои Каротог, Султан Увайс, баландии Кизилкиё, куххои кисми марказии  биёбони Кизилкум) ба ру баромадааст. Дар худуди нимчазираи Манкишлок конвои нефту газ мавчуданд.

Релефи Пастии Турон бештар аз пастихои аккумулятиви, хамворихо ва пушта- куххо (Устюрт, Красноводск ва гайра) иборат аст. Хамии Карогиё- (Ботур, аз сатхи бахр 132 метр паст) дар нимчазираи Манкишлок вокеъ гаштааст, ки он нуктаи аз хама пасттарини Пастии Турон ба шумор меравад. Нуктаи баланд- таринаш кухи Октог аст (888 метр, дар массиви Томдитог).

Иклими Пастии Турон  нихоят континенти, биёбони, иклими кисми чанубиаш субтропики. Хокаш—бури хокистари, дар Шимол— камкарбонат, дар Чануб карбонатдори мукаррари. Хоки хамворихои наздикухии чануби Пастии Турон хокистарранг аст. Дар хамворип Пастии Турон асосан растанихои биёбони меруянд. Дар кисми шимолии Пастии Турон биёбонхои регу гилдор, санглох ва дар кисми чанубиаш биёбонхои лёссу регу гилдор, сагнлох, такирхо ва чо- чо биёбонхои шурхок вокеъ гаштаанд. Дар биёбонхои Карокум, Кизилкум ва гайра чарогоххои мавсими мачуданд. Заминхои кишт бо рохи сунъи обёри мешаванд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …