Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Пастернак Борне Леонидович

Пастернак Борне Леонидович

Пастернак Борне Леонидович (10. 2. 1890, Москва —30. 5. 1960, Пе­ределкино, вилояти Москва), шоири советии рус. Шеърхои аввалинаш соли 1913 ба табъ расидаанд. Дар мачмуъахои аввалинаш таъсири равияхои символизм ва футуризм ба назар мерасад. Дар достони эпикии «Касалии оли» (1924, тахрири 2-юмаш соли 1928) Пастернак образи Владимир Илич Ленинро офарида, уро чун мутафаккири бузург, рохбари боистеъдоди Партияи Коммунис­ти ва Давлати Совети тавсиф менамояд. Дар достонхои «Соли нухсаду панчум» (1925—26) ва «Лейтенант Шмидт» (1926—27) мавзуи Револютсияи якуми рус мавриди тадкик карор гирифтааст.

Тазодхои чахонбинии Пастернак, ки рохи худро дар шароити нави ичтимои чуё буд, дар асархои солхои 30 офаридааш зухур намудаанд. Дар по­вести тарчумаихолии «Мазхари дифоъ» (1931) ва романи манзуми нотамоми «Спекторский» (1931) бовари ба рухияи револютсия, музаффарияту максадхои он ифода ёфтааст. Солхои Чанги Бузурги Ватани (1941— 45) Пастернак кахрамонони чангро васф намудааст (мачмуъаи «Халокати сапёр»). Солхои 50 Пастернак бухрони эчодиро аз cap гузаронид. Дар романи «Доктор Живаго» навари салби ба револю­тсия ва нобовари ба имконияти тахаввулоти ичтимои ифода ёфтааст. Роман соли 1957 дар хорича нашр гардид ва барои он соли 1958 ба Пастернак Му- кофоти нобели дода шуд. Дар матбуоти совети ин роман дучори танкиди сахте гардида, Пастернак аз сафи ИН хорич карда шуд. Пастернак аз Мукофоти нобели даст кашид. Дар силсилаи шеърхои солхои 1956—59 офаридааш Пастернак рохи нави эчодиро пеш гирифта, барои аз ашъораш дур кардани охангхои фочиаомез ва яъсу ноумеди ва танхои кушидааст. Пастернак дар тарчумаи ашъори шоирони гурчи ва эчодиёти  адибони бузурги Гарб — Улиам Шекспир, И. В. Гёте, Г. Сакс, П. Шелли, Н- Ките, П. Верлен хиссаи арзандае гузоштааст.

Основание: Стихотворения и поэмы, Москва— Ленинград., 1965; Звёздное небо. Стихи зарубежных поэтов, Москва, 1966.

Адабиёт: Паперный 3., Б. Л. Пастер­нак, дар китоби: История русской советской литературы, том 3, Москва,, 1968.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …