Маълумоти охирин

Пасха

Пасха (чазираи Пасха), Рапан у и (полинези Rapa Nui; испани Раscua, англиси Easter Island), чазираи вулкони дар кисми шаркии укёнуси Ором. Аз чихати маъмури тобеи Чили. Масохат 165,5 километр. Ахолиаш кариб 2 хазор нафар (1972). Кариб 40%-аш ахолии тагчои — полинезихо. Маркази маъмуриаш — посёлкаи Ханга-Роа.  Чазира шакли сегушаеро дорад, ки дар хар гушаи он вулконхои Рано- Арои (539 метр — нуктаи баландтарини Пасха), Катики (377 метр) ва Рано-Као (324 метр) вокеъ гаштаанд.

Вулконхоро хамвории сертеппаи аз туфсангу базалтхо таркибёфта аз хам чудо ме­кунад. Сохилхои Пасха шахдори душворгузаранд. Иклимаш субтропики; харорат миёнаи мохона аз 18 то 23°Селсия; боришоти солона кариб 1300 миллиметр. Аз растанихо алафхои гуногун, инчунин эвкалипту банан меруянд. Сокинони чазира бо дехкони, мохигири, чор­водори ва гайра машгуланд. Пасха бо хайкалхои санги ва лавхачахои дорои хати иероглифи машхур аст.

Пасхаро 5 апрел 1722 (дар рузи иди пас­ха) бахрнаварди голланди Я. Рогге- вен кашф кардааст. Соли 1888 Пасха ба Чили хамрох карда шуд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.