Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партивият

Партивият

Партивият 1) ба партияи сиёси мансуб будани одам; 12) равияи гоявии чахонбини, фалсафа, илмхои чамъияти, адабиёт ва санъат, ки манфиати синф ва гуруххои муайяни ичтимоиро ифода карда, дар тамоюли ичтимоии эчодиёти илми ва бадеи, мавкеи шахсии олимон, файласуфон, нависанда ва санъаткорон захур меёбад. Партивият дар маънои васeии принсипи рафтори одамон, фаъолия­ти ташкилот ва муассисахо, яроки муборизаи сиёсию идеологи мебозад. Мафхуми «Партивият» бо фаъолилти партияи сиеси зич алокаманд аст. Зеро он манфиатхои синф ё гуруххои ичтимоиро равшан ифода карда, вазифаи рохбарии муборизаи сиёсии онхоро ба ухда мегирад.

Аз ин ру, аз тарафи одамон амик дарк шудани манфиатхои синфи ва рохи сиё­сии партияро тарафдори кардани онхо Партивиятро ифода мекунад. «Ахолии муайян ё ки синфи муайян аз чихати сиёси хар кадар зиёдтар муттаракки, маърифатнок, бошуур бошад, партиявияти вай, аз руи коидаи умуми, хамон кадар баландтар аст» (Ленин Владимир Илич, Асархои, чилди 24, сахифаи 548).. Афкори чамъияти дар давоми тамоми таърихи чамъиятии антагонисти хусусияти партияви дошт. Дар чамъияти гуломдори ва феодали гуруххои сиёси, чараёнхои мухталифи фалсафи ва афкори чамъиятию сиёси манфиатхои табакахои гувогуни синфхои хукмронро ифода мекарданд. Дар муборизаи идеяви манфиатхои синфхои мазлум низ ифода мешаванд.

Пайдоиш ва инкишофи сотсиализми хаёли намунаи ин аст. Вобаста ба он ки гуруххои муайяни сиёси манфиати кадом синфро ифо­да мекунанд, Партивият ахамияти прогрессиви ё иртичои дошта метавонад. Бо пайдоиши буржуазия ва пролета­риат Партивият дар муборизаи синфхо, хаёти гоявию сиёсии чамъият ахамияти хос пайдо мекунад. Партияи коммунисти принсипи Партивиятро собиткадамона мухофизат менамояд. Принсипи Партивияти коммунисти тачассуми ягонагии тахлили илмии вокеият ва химояи собиткадамонаи манфиатхои проле­тариат мебошад, ки ин танхо ба со­тсиализм ва коммунизм хос аст. Ба­рои пролетариат, ки ба донистани роххои конкретии сохтмони чамъияти нав манфиатдор аст, шархи илми ва объективии олам, конунхо ва роххои гузариш аз капитализм ба сотси­ализм лозим аст.

Танхо марксизм- ленинизм ин вазифаро ичро меку­над. Аз ин ру, хамаи кушишхои душманони сотсиализм дар бобати чихати илми ва партиявии назарияи марксизм-ленинизмро бо хам мукобил гузоштан асосе надоранд. Назарияи марксистию ленини вазифа ва максадхои синфи коргар, сиёсати партияи коммунистиро мухофизат ва асоснок намуда, сохти истисмори, сиёсат ва идеологияи онро беамон танкид мекунад. Акидаи коммунистон аз ибтидо чунин аст: «Бо пар­тия инкишоф намешавад, бе чудошави — прогресс» («Маркс Карл, нигаред Маркс Карл и Энгелс Фридрих Сочинение, 2 издание., том 1, сахифаи 113). Бар хилофи ин буржу­азия, ки манфиатхояш ба манфиати аксарияти ахоли мухолиф acт, ниятхои аслии худро пинхон намуда, барои максадхои иктисодию сиёсии худро чун максади хамаи  аъзоёни чамъият нишон додан мекушад.

Ин ният идеологхо ва сиёсатчиёни буржуазиро мачбур мекунад, ки ба мукобили принсипи Партивият бароянд. Бинобар ин Партивият роли пролетари, бепартия- вият бошад, гояи буржуазист. Дар замонн хозира кушиши идеологхои буржуази барои таргиби идеяи бепартиявият боз хам меафзояд, алалхусус дар замоне, ки таносуби куввахо дар арсаи байналхалки барои фоидаи сотсиализм тагйир ёфта, эътибори системаи чахонии сотсиализм пеши назари халкхои дунё меафзо­яд ва афзалияти сохти сотсиалисти инобат ба капитализм дар амал тасдик гардидааст. Дар шароити имруза, вакте ки муборизаи байни капи­тализм ва сотсиализм тезу тунд мегардад, муносибати синфи ва партияви ба тахлилу баходихии ходисахои ичтимои дар арсаи чахони ахамияти хос пайдо мекунад. Бннобар ин Партияи Коммунисти дар масъалахои тарбия аз мавкеи синфи баромад кардан, мунтазам баланд бардоштани хушёрии револютсионии оммаи халк, муборизаи собиткадамона ба мукобили канорачуи аз сиёсатро вазифахои мухими идеологии худ медонад.

Принсипи Партивият дар сохаи илмхои чамъияти — фалсафа, адабиёт ва санъат зухури хос дорад. Умумияти Партивияти илмхои чамъияти аз он иборат аст, ки мавзуи тахкики онхо ходисахои ичтимоист ва онхоро берун аз манфиатхои синфу гуруххои ичтимои шарх додан мумкин нест.

Партивият дар фалсафа ва илмхои дигари чамъияти бо маърифати олам, инкишофи идеяхои прогрессиси вобаста аст, ки одатан тачассумкунандаи онхо намояндагони синфхои пешкадам буданд. Партивияти акидахои фалсафи аз руи муносибати мухталиф ба шархи олам (таносуби материя ва рух, хасти ва шуур), мавкеи одам дар олам, муносибати у бо сарватхои маънави, аз кабили этикию эстетики ва гайра муайян карда мешаванд.

Фалсафаи марксизм-ленинизм, ки чун системаи томи назари ба вучуд омадааст, чахонбинии синфи коргарро ифода мекунад, асосхои методологии фаъолияти дигаргунсозии револютсиони ва тадкикоти илмиро фарохам меорад. Фалсафаи марксисти партиявист, яъне мухофизати манфиатхои пролетариатро унсури зарурии максади худ медонад. «Фалсафаи навтарин хам, чунон ки ду хазор сол пеш аз ин буд, партияви аст» (Ленин Владимир Илич, Полное coбрание., сочинений, 5 издание, том 18, страница 380).

Партиявият дар адабиёт ва санъат дар мазмуни гоявии асари нависанда, санъаткор ва дигар зиёиёни эчоди, тамоюли ичтимои, таърихи ва синфии асари бадеи, чараёни идеологи дар эчоди бадеи, мавкеи нависанда дар муборизахои ичтимои зохир мешавад. Ягон санъ­аткор аз таъсири куввахои ичтимоии замон берун буда наметавонад. У бо хазорон ришта бо кушиш ва сарват­хои маънавии синфхои муайян сахт пайванд буда, хоху нохох майлу хохиш ва манфиати онхоро ифода менамояд. Харчанд дар хама замонхо тамоюли гоявии адабиёт ва санъат баркарор буд, аммо принсипи Партивияти эчодиёти бадеиро аввалин бор Владимир Илич Ленин аник муайян кард. Владимир Илич Ленин дар маколаи «Ташкилоти партияви ва адабиёти партияви» (1905) дуруги махз будани озодии мутлаки эчодиётро нишон дода, принсипи Партивияти адабиёт ва санъатро ба миён овард.

Владимир Илич Ленин таъкид мекард, ки «…пролетариати сотсиалисти бояд принсипи адабиёти партиявир о пеш гузорад, ин принсипро инкишоф дихад ва онро ба шакли, то мум­кин аст, пурра ва комилтар дар хаёт татбик намояд» (Ленин Владимир Илич, Асархои, чилди 10, сахифаи 32). Владимир Илич Ленин бар зидди адабиёти гуё «озод»-и буржуази адабиёти хакикатан озоди пролетариро ба миён гузошта буд. Адабиёти ха­кикатан озод адабиёти реализми со­тсиалистиест, ки ба принсипи Партивият асос ёфта, на ба «дах хазор боло- нишинон», «балки ба миллионхо ва даххо миллион мехнаткашон, ки гу­ли мамлакат, кувваи он ва ояндаи он мебошанд, хизмат мекунад».

Партивият дар адабиёт ва санъат мавкеи ичти­мои ва эстетикии санъаткор, иштироки у дар чунбишхои ичтимои ва таърихист. Маънои Партивият ин аст, ки санъаткор ба руйдодхои олами вокеи ошкоро ва руирост аз мавкеи акидахо ва манфиатхои гурухи муайяни чамъият бахо медихад. Бннобар он Партивият аз санъаткор пеш аз хама мавкеи устувори ичтимои, чахонбинии со­лим ва аник донистани конунхои инкишофи чамъиятро талаб меку­над. Партивият принсипи эчодии нависанда, метод, рух, гоя ва хусусиятхои ботинии эчодиёти уст. Партивият на танхо дар мавкеи гоявии нависанда, балки дар хусусиятхои эстетикии асари бадеи ва шаклу мазмуни он хам ифода меёбад.

Партивият инкишофи адабиёт ва санъатро дар як доираи муайян махдуд накарда, балки ба озодии эчодиёт, ташаббусу чустучухо, услубу равияхои гуногуни эчоди имконияти калон фарохам меоварад. Партивият санъаткоронро водор месозад, ки шаклхои тозаи тадкики бадеиро чуё шаванд, мухимтарин масъалахои хаёти халкро дар адабиёт инъикос кунанд, барои идеалхои олии коммуни­сти мубориза баранд. Тачрибаи ин- кишофи адабиёти сермиллати совети далели ин аст. Партивият ба нависанда им- кон медихад,  ки ба мохияти про­сессхои ичтимои амик сарфахм равад, характерхо ва муносибатхои нави шахс ва чамъият ва масъалахои сохтмони чамъияти коммунистиро хаккосни тайёр намояд. Партияи Коммунисти хамеша аз санъаткорон талаб ‘мекунад, ки ба принсипи Партивият содик бошанд, онро харчи фаъолтар дар адабиёт ва санъат татбик намоянд.

Адабиёт: Ленин Владимир Илич, Ташкилоти партияви ва адабиёти партияви, Асархои, чилди 10, Сталинобод, 1950; Та баров С.. Наза­рияи ленинии партивяияти адабиёт ва санъат, Душанбе, 1963; Сайфуллоев А., Акидахои адабии Ленин ва адабиёти то­чик, Душанбе, 1973; Ленин и искусство, Москва. 1969; Дубровин А. Г., О партийнос­ти художественного творчества, Москва, 1977; Щербина В. Р., Ленин и художест­венная литература, Москва, 1979.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.