Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Венесуэла

Партияи Коммунистии Венесуэла

Партияи Коммунистии Венесуэла (ПКВ), марти 1931 пинхони ташкил карда шуд. Августи 1953 ба Интернасионали Коммунисти кабул гардид. Августи 1931 дар шахри Маркай Конференсияи 1-уми милли барпо гашт, ки он дар бобати мустахкамшавии ташкилии партия як катор чорахо андешид. Соли 1944 дар натичаи амалиёти чудоиандозии гуруххои оппортупистии рост ва сектантчиги чудои ба амал омад. Соли 1945 комму­нистон ба хукуки озодона амал кар­дан муваффак гаштанд. Ноябри 1946 Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Венесуэла барпо гардид. Съезд тезисхои сиёси ва Устави партияроккабул кард.

Съезди 2-юми Партияи Коммунистии Венесуэла (августи 1948) тамоми куввахои прогрессивии мамлактро даъват намуд, ки ба мукобили монополияхои империалисти ва реаксияи дохили фронти ягона барпо кунанд. Маи 1950 хукумати хунтаи харби (соли 1948 ба сари хокимият омада буд) фаъолияти партияро манъ кард. Соли 1957 бо иштироки фаъолонаи Партияи Коммунистии Венесуэла Хун­таи ватандусти барпо карда шуд, ки он дар муборизаи зидди диктатураи М. Перес Ximonec мавкеи калон дошт. Баъди сарнагун шудани дик­татура, соли 1958 партия аз пинхонкори баромад. Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Венесуэла (марти 1961) дар бобати шикаст до­дани сиёсати таслимкоронаи хукумат дар назди имперпализми Штатхои Муттахидаи Америка, мубориза барои барпо кардани хукумати демократи ва ватандустона вазифа гузошт.

Съезд тезисхои сиёси ва Устави нав кабул кард. Аз маи 1962 то марти 1969 фаъолияти пар­тия аз нав манъ карда шуд. Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Венесуэла (январи 1971) декларасияи сиёси, Программаи талабхои наздиктарин, Устави нави партияро кабул кард ва рохи муборизаи зидди импе­риализм, рохи муборизаро барои азнавсозихои сотсиали муайян намуд. Съезд гурухи оппортунистони рости Петков — Маркесро аз сафи партия хорич кард. Партияи Коммунистии Венесуэла дар асоси карорхои съезди 4-ум фаъолияти худро вусъ- ат дод, таъсири худро ба омма пурзур намуд.

Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Венесуэла (но­ябри 1974) Программаи партия ва дек­ларасияи сиёсиро кабул намуд, ба устав тагйирот даровард. Августи 1975 Конференсияи 7-уми миллии Партияи Коммунистии Венесуэла барпо гардид, ки он програм­маи вусъат додани фаъолияти партиявиро дар байни омма муайян на­муд. Партияи Коммунистии Венесуэла бо тарафдории ягонагии хамаи куввахои прогрессиви ва демократи дар муборизаи зидди  импе­риализм ва олигархияи махалли ба­ромад мекунад. Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Венесуэла дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Мо­сква) иштирок доштанд. Партияи Коммунистии Венесуэла хуччатхои дар ин мачлисхо кабулшударо маъкул донист.

Партия дар асоси принсипхои сентрализми демократи сохта шудааст. Органи одии партия — съезд, дар байни съездхо Комитети Маркази, ки он Бюрои си­ёси ва Котиботро интихоб мекунад. Раиси партия — Г. Мачадо, Котиби генерали — X. Фариа. Органи марказиаш «Трибуна популар».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.