Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Словакия

Партияи Коммунистии Словакия

Партияи Коммунистии Словакия (ПКС), ташкилоти территориявии Партияи Коммунистии Чехословакия (ПКЧ) буда, дар фаъо-лияти худ карорхои съездхои Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ ва Комитети Маркази онро ба рохбари мегирад. Ташкилотхои револютсионии марк-систи, ки бо таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Словакия ва Украинаи Закарпатия дар заминаи каноти чапи Партияи сотсиал-демократ ба вучуд омада буданд, янв.уари 1921 дар Любохна съезд даъват намуданд, ки он дар бораи дар асоси принсипхои интернатсионализми пролетари ташкил кардани ташкилоти ягонаи партияви ва ба Интернатсионали Коммунисти дохил шудаи карор кабул кард. Маи 1921 дар натичаи муттахид шудани ташкилотхои коммунистии чеху словак, Украинаи Закарпатия ва гайра Партияи ягонаи коммунистии Чехословакия ташкил ёфт.

Ноябри 1921 дар Словакия 4 ташкилоти вилоятии Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ ва аввали соли 1930 рохбарияти ягонаи умумисловакиии партия дар Братислава таъсис дода шуд. Баъди чудо шудани республикаи Чехословакия (1938) ва ташкил ёфтани ба ном Давлати Словакия ташкилотхои партиявие, ки дар территорияи Словакия, пинхони амал мекарданд, аз хам чудо шуда, май 1939 Партияи Коммунистии Словакия ПКС-ро ташкил доданд. Дар солхои Чанги Дуюми чахони Партияи Коммунистии Словакия ПКС кувваи асосии муборизаи халки Словакия бар зидди фашистон буд ва ба шуриши миллии халки Словакия (1944) рохбари намуд. Баъди аз фашистони истилогар озод кардани Чехословакия ва  барпо намуданн сохти халки-демократи Партияи Коммунистии Словакия ПКС хамрохи Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ барои дигаргунсозихои ичтимоию иктисоди мубориза бурд, феврали 1948 ба муборизаи мехнаткашон бар зидди кушиши буржуазия, ки табаддулоти контрреволютсиони гузарондани буд, рохбари кард.

Сентябри 1948 Партияи Коммунистии Словакия ПКС бо Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ муттахид шуд ва вохиди территориявии он гардид. Мехнаткашони Словакия тахти рохбарии Партияи Коммунистии Словакия ПКС бо рохи генералии сохтмони сотсиализм дар мамлакат, ки Съезди 9-уми Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ (1949) муайян карда буд, пеш рафта, муваффакиятхои калон ба даст оварданд. Дар нимаи дуюми солхои 60 дар Словакия, чун дар тамоми мамлакат амалиёти куввахои рост ва зиддисотсиалисти авч гирифт ва августи 1968 вазъияти контрреволютсиони ба амал омад, ки онро мехнаткашони Чехословакия бо ёрии интернатсионалии мамлакатхои сотсиалисти бартараф намуданд.

Баъди Пленуми апрели и (1969) Комитети Маркази  Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ, ки рохбарияти нави партияро бо сардории Г. Гусак интихоб кард, Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ дар бобати мустахкам намудани сафхои худ дар асоси принсипхои марксизм-ленинизм, татбики сиёсати миллии ленини, тарбияи халк-хои Республикаи Сотсиалистии Словакия дар рухи интернатсионализми пролетари кори зиёде кард. Партияи Коммунистии Словакия ПКС холо карорхои Съезди 15-уми Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ оид ба сохтмони чамъияти мутараккии сотсиалисти дар мамлакат бомуваффакият ба амал мебарорад.

Котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Словакия ПКС — Й. Ле-нарт. Органи марказии Партияи Коммунистии Словакия ПКС — газетаи «Правда».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.