Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Сан-Марино

Партияи Коммунистии Сан-Марино

Партияи Коммунистии Сан-Марино (ПКСМ), 7 июли 1941 (аз руи маълумотхои нав) пинхони таъсис ёфтааст. Феврали 1921 дар Сан-Марино сексияи Партияи Коммунистии Италия ба вучуд омад, вале аз сабаби таъкиботи полисия ба зуди фаъолияташро катъ намуд. Баъди Чанги дуюми чахони (1939—45) дар шароити болоравии харакати демократи партияи коммунисти муваффакияти калон ба даст овард. Соли 1945 бо Партияи сотсиалисти (таъсисаш 1903) иттифок баста, дар интихоботи парламент иштирок кард ва 19 мандат гирифт, хамрохи Партияи сотсиалисти дар парламент аксариятро ташкил дод (аз 60 чой 35 чой). Солхои (1945—57) хокимияти ичроия ба коммунистон ва сотсиалистон тааллук дошт.

Дар ин солхо ин ду партия дар мамлакат ислохоти аграри гузаронданд, баъзе корхонахоро милли гардонданд, ба конунхо як катор тагйирот дохил карданд, ки ин ба мустахкам гардидани хукукхои демократии мехнаткашон мусоидат намуд. Соли 1957 дар натичаи табаддулоти давлатие, ки иттиходи Партияи христиани-демократи (таъсисаш 1948), Партияи сотсиал-демократ (таъсисаш 1955) ва гуруххои сотсиалистони рост (соли 1957 дар Партияи сотсиалисти чудои андохта буданд) ба амал овард, партияхои чап аз кори идораи давлат дур карда шуданд. Партияи коммунисти ба опозисия гузашт.

Съезди 8-уми Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ (1973) бо мак-сади ташкил намудани хукумати азнавсозии демократи ва пешрави ба суи сотсиализм сиёсати мустахкам намудани ягонагии мехнаткашон ва табакахои миёнахоли ахолиро муайян кард. 10—12 декабри 1976 Съезди 9-уми Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ барпо гашт, ки он масъалахои дар рохи дигаргунсозихои ичтимои бартараф намудани кризиси иктисодиро мухокима намуд.

Хайатххои вакилони Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ кори ин мачлисхои машваратиро маъкул донист.

Мувофики устав (соли 1961 кабул шудааст) сохти Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ ба принсипхои сентрализми демократи асос ёфтааст. Органи олии партия — съезд, Дар байни съездхо — Комитети Маркази, ки он якчоя бо Комиссияи марказии назорат барои рохбарии корхои чори рохбарият ва Котибот интихоб мекувад. Раиси партия — Э. Гасперони, Котиби генералии Партия — У. Барулли. Органи марказии Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ — газетаи «Шиптилла».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.