Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Руминия

Партияи Коммунистии Руминия

Партияи Коммунистии Руминия (ПКР; то охири 1922—Партияи сотсиалисти-коммунистии Руминия, то феврали 1948— Партияи Коммунистии Руминия, аз феврали 1948 то июли 1965 — Партияи коргарии Руминия; аз июли 1965 — Партияи Коммунистии Руминия ПКР), 8 мая 1921 дар съезди Партияи сотсиалиста барпо гардид. Съезд карор кард, ки Партияи коммунисти ба Интернатсионали Коммунисти хамрох шавад. Соли 1924 Партияи коммунисти гайриконуни эълон карда шуд ва он то соли 1944 дар пинхонкори буд. Дар давраи диктатураи харбии фашисти (1940—44) партия ба куввахои ватанпарвар дар муборизаи онхо барои сарнагун кардани диктатура ва баромадан аз чанги зидди СССР рохбари кард. Июни 1943 бо ташаббуси Партияи коргарии Руминия ПКР Фронти зиддгитлерии ватандустон ташкил карда шуд.

Дар шароити хучуми муваффакиятноки Армияи Совети Партияи коргарии Руминия ПКР 23 августи 1944 Шуриши мусаллахи халкиро ташкил кард, ки ба туфайли он режими харби-фашисти сарнагун гардид. Бо ташаббуси Партияи коргарии Руминия ПКР дар Руминия ислохоти аграри ва як катор дигар азнавсозихои демократи гузаронда шуданд. Конференсияи милли (октябри 1945) дар назди партия вазифаи мустахкам кардани сохти мавчудаи халки-демократи ва индустронию электриконии мамлакатро гузошт. Баъди бархам хурдани мутлакият (30 декабри 1947) ва эълон гардидани республика Партияи коргарии Руминия ПКР мехнат-кашонро ба ичрои вазифахои револютсияи сотсиалисти сафарбар кард. Феврали 1948 Партияи коргарии Руминия ПКР дар асоси принсипхои марксизм-ленинизм бо Партияи сотсиал- демократ муттахид шуда, Партияи коргарии Руминия (ПКР) ном гирифт. Съезди 8-уми Партияи коргарии Руминия ПКР (июни 1960) изхор намуд, ки дар Руминия базаи иктисодии сотсиализм фарохам омадааст ва мамлакат ба давраи анчоми сохтмони он дохил гардидааст.

Марти 1965, баъди вафоти Г. Георгий-Деж, ки аз соли 1945 аввал Котиби генерали, сони котиби якуми Комитети Марказии партия буд, Н. Чаушеску котиби якуми Комитети Марказии Партияи коргарии Руминия ПКР интихоб гардид. Съезди 9-уми Партияи коргарии Руминия ПКР (июли 1965) эълон намуд, ки муносибатхои истехсолии сотсиалисти дар шахру дехот пурра галаба кардаанд.

Съезд Устави нави партияро кабул намуд ва карор кард, ки Партияи коргарни Руминия Партияи Коммунистии Руминия номида шавад. 21 августи 1965 Конститусияи нав кабул карда шуд, ки мувофики он Руминия Республикаи сотсиалисти эълон гардид. Съезди 10-уми Партияи коргарии Руминия ПКР (августи 1969) директивахои плани панчсолаи 4-ум (1971—75) ва роххои асосии программаи перспективии иктисодиро (то соли 1980) мухокима намуд ва диккати партияю халкро ба сохтмони чамъияти  хаматарафа тараккикардаи сотсиалисти чалб кард. Съезди 11-уми Партияи коргарии Руминия ПКР (ноябри 1974) Программаи партияро кабул намуд, ба устав тагйирот даровард.

Директивахои плани панчсолаи 5-ум (1976—80) ва роххои асосии тараккиёти ичтимоию иктисодии мамакатро (барои солхои 1981—90) маъкул донист. Съезди 12-уми Партияи коргарии Руминия ПКР (ноябри 1979) директивахои плани панчсолаи тараккиёти ичтимоию иктисодии Руминияро барои солхои 1980—85 кабул кард. Партияи коргарии Руминия ПКР дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок кард ва хуччатхои дар ин мачлисхо кабулшударо маъкул ёфт. Сохти Партияи коргарии Руминия ПКР ба принсипхои сентрализми демократи асос ёфтааст. Органи олии Партияи коргарии Руминия ПКР — съезд, дар байни съездхо — Комитети Маркази, ки аз хайати худ Комитети ичроияи сиёси ва Котиботро интихоб мекунад. Котиби генералии Партияи коргарии Руминия ПКР — Н. Чаушеску. Органи марказии Партияи коргарии Руминия ПКР —газетаи  «Скынтейя», органи назариявиаш — журнали «Эра сосиалиютэ».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.