Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Португалия

Партияи Коммунистии Португалия

Партияи Коммунистии Португалия (ПКП), марти 1921 барпо карда шуд. Соли 1922 ба Интернатсионали Коммунисти хамрох шуд. Баъди табаддулоти харбии соли 1926 мачбур шуд ба пинхонкори гузарад. Апрели 1929 Конференсияи миллии партияви чамъ омад, ки он ибтидои ба партияи хакикатан марксисти-ленини мубаддал гардидани Партияи Коммунистии Португалия ПКП буд. Минбаъд партия мавкеи худро дар харакати иттифокхои касаба мустахкам намуд, дар ташкил ва гузарондани як катор корпартои ва баромадхои сиёси рох,бари кард.

Ноябри 1943 Съезди 3-юмп Партияи Коммунистии Португалия ПКП барпо гардид, ки он зарурати мустахкам намудани яганагии коргарон ва зиддифашистонро кайд кард. Дар  съезд  нахустин бор Комитети Маркази чун органи рохбарии коллективона (то съезд танхо котибот вучуд дошт) интихоб карда шуд. Баъди Чанги дуюми чахони, коммунистони Португалия вазифаи асосии худро дар сарнагун кардани режими фашисти медиданд. Ин масъала дар маркази диккати иштирокчиёни съездхои 4-ум (июл 1946), 5-ум (сентябр 1957) ва 6-уми (август— сентябр 1965) Партияи Коммунистии Португалия ПКП меистод. Съезди 6-уми партия Программаи нав кабул кард, ба Устав тагйирот даровард (аввалин Программа ва Устави Партияи Коммунистии Португалия ПКП дар Съезди 5-ум кабул карда шуда буд).

Программаи нав сарнагункунии мусаллахонаи режими фашистиро пешбини карда, хуши ба хуши хал намудани проблемаи миллиро низ истисно намекард. Талабхои мухимтарини программа: бархам додани хукмронии монополияхо; милликунонии сохахои асосии иктисодиёт; гузаронидани ислохоти аграри ва додани замин ба дехконон; дигаргунсозихои амики чамъият ба манфиати аксарияти халк; ба халкхои Ангола, Гвннеяи Бисау, Мозамбик истиклолият додан. Максади охирини Партияи Коммунистии Португалия ПКП, чунон ки дар программа кайд шудааст, дар Португалия сохтани сотсиализм ва коммунизм аст. Соли 1962 бо рохбарии партия дар таърихи диктатураи фашисти калонтарин корпартоии коргарони халкхои вилоятхои чанубии Португалия гузаронида шуд, ки дар он кариб 200 хазор кас иштирок кард; коргарон ба рузи кории 8-соата муваффак шуданд. Баъди сарнагун кардани диктатураи фашисти дар Португалия (25 апрели 1974) коммунистон ба хайати хукумат дохил шуданд. 20 октяири 1974 Съезди 7-уми (гайртанавбатии) Партияи Коммунистии Португалия ПКП барпо гардид.

Съезд кайд кард, ки барои муваффакияти револютсия давлати демократи ба вучуд овардан ва онро мустахкам кардан зарур аст. Съезд мувофики вазъияти нав ба Программа ва Устави Партияи Коммунистии Португалия ПКП тагйирот дохил намуд. Съезди 9-уми ПКП (31 май — 3 нюни 1979) вазифаи партияро дар мархалаи хозира муайян кард; сиёсати муттахид  намудани хамаи куввахои чапи демократии мамлакатро пеш гирифта, ба он муваффак шудан лозим, ки конститутсияи мавчуда ва кону-ниятхои демократи риоя, музаффариятхои револютсиони мухофизат, шароити хаёти халк бештар карда шавад; барои васеъ кардани алокахои баробархукуки байналхалки, хамкории Португалия бо мамлакатхои сотсиалисти ва тараккипарвар мубориза бурда шавад.

Партияи Коммунистии Португалия ПКП бо харакати байналхалкии коммунисти алокаи фаъолона дорад, барои ягонаги ва муттахидии хамаи отрядхои он дар асоси марксизм-ленинизм ва интернатсионализми пролетери устуворона мубориза мебарад. Намояндагони Партияи Коммунистии Португалия ПКП дар кори Мачлисхои машваратии байналхалки ва коргари (1957, 1960 ва 1969, Москва), Конференсияи Берлин (1976) вохурии намояндагони Партияхои Коммунистии Европа дар Париж (28—29 апрели 1980) иштирок карданд.

Партияи Коммунистии Португалия ПКП аз руи принсипи сентрализми демократи сохта мешавад. Органи олии Партияи Коммунистии Португалия ПКП — съезди партия, дар байни съездхо— Комитети Маркази, ки аз хайати он Комиссияи сиёси ва Котибот интихоб мешавад. Котиби генералии партия — А. Куньял. Органи марказии Партияи Коммунистии Португалия ПКП — газетаи «Аванте».

Дар борамон

Инчунин кобед

images-7

БОЙДУХОН

БОЙДУХОН (фавт 4.10.1295), шашумин хони Элхонони Эрон аз сулолаи Хулогуихо. Писари Тарагай ва набераи Хулогу. …