Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Парагвай

Партияи Коммунистии Парагвай

Партияи Коммунистии Парагвай (ПКП), феврали 1928 таъсис ёфт. Факат солхои 1936 ва 1946 партия ба таври легали амал кард. Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Парагвай ПКП (1941) Программаи партияро кабул намуд. Соли 1947 коммунистон дар шуриши зидди диктатураи И. Мориниго фаъолона иштирок карданд. Съезди 2-юми Партияи Коммунистии Парагвай ПКП (1949) рохи сиёсии партияро муайян кард, ки он аз ташкили фронти ягонаи куввахои демократи иборат буд.

Соли 1959 бо ташаббуси Партияи Коммунистии Парагвай ПКП ва иштироки намояндагони партияхои оппозитсионии асоси барои муборизаи зидди диктатураи А. Стресснер (дар сари хокимият аз соли 1954) рохбарияти Фронти ягонаи озодии милли ташкид карда шуд. Дар солхои минбаъда Партияи Коммунистии Парагвай ПКП ба душворихои дохилипартияви дучор гашт. Конференсияи милли (1967) «Дар бораи асосхои дигаргунсозии партия» дар асоси принсипхои марксизм-ленинизм хуччати дахлдор ва Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Парагвай ПКГТ (1971) Программа, Устав ва Тезисхои сиёси кабул кард. Конференсияи милли (1974) кайд намуд, ки чабхаи асосии фаъ-олияти коммунистон ба партияи оммавии коргарону дехконон табдил додани Партияи Коммунистии Парагвай ПКП мебошад.

Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Парагвай ПКП дар Мачлисхои машваратии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партия хуччатхои дар ин мачлисхо кабулшударо маъкул донист. Сохти Партияи Коммунистии Парагвай ПКП ба принсипхои сентрализми демократи асос ёфтааст. Органи олии партия— съезд буда, дар байни съездхо ба кори партия Комитети Маркази рохбари мекунад, ки он Комиссияи сиеси ва Котиботи Комитети Марказиро интихоб менамояд. Котиби якуми Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Парагвай ПКП — А. Майдана. Органи марказии Партияи Коммунистии Парагвай ПКП — газетаи «Аделанте».

Дар борамон

Инчунин кобед

БОКИРИ ДАМОВАНДИ

БОКИРИ ДАМОВАНДИ шоири форсизабони Хиндустон (асри 17). Мувофики маълумоти тазкираи Абдулбокии Нахованди «Маосири Рахими» Бокири …