Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Нидерланд

Партияи Коммунистии Нидерланд

Партияи Коммунистии Нидерланд (ПКН), 17 ноябри 1918 дар асоси партияи сотсиал демократи Нидерланд таъсис ёфт. Апрели 1919 Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН ба Интернатсионали Коммунисти дохил шуд. Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар мубориза бахри манфиатхои хаётан мухими мехнаткашони Голландия фаъолона иштирок намуд, ба мухофизати Россияи Совети баромад. Баъдтар Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН душворихои чиддиро аз сар гузаронд. Дар Комитети Маркази ва дар байни аъзоёни партия акидахои «чапчиги» ва оппортунистии рост пайдо шуданд, баъзе рохбарон сиёсати чудоиандозиро пеш мегирифтанд. Шумораи аъзоён ва таъсири Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН кам шуд. Съезди соли 1930, ки бо ёрии Интернатсионали Коммунисти гузаронда шуд, оппортунистонро фош, рохбарияти нави партияро интихоб намуд. Солхои 30 Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН алокаро бо омма вусъат дод. Микдори аъзоёни Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН соли 1940 аз 1100 нафар (соли 1930) то ба 11 хазор расид.

Дар давраи Нидерландро истило кардани фашистони немис (май 1940—1945) Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН, ки дар пинхонкори буд, дар Харакати Мукобилат, дар ташкил намудани корпартоии умумии мехнаткашони Голландия (феврали 1941) фаъолона иштирок кард.

Баъд аз Чанги дуюми чахони таъсири Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар байни омма афзуд. Соли 1945 Программаи Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН кабул карда шуд. Партия барои хукукхои ичтимои ва демократии мехнаткашон муборизаро вусъат дод. Дар Съезди 16-уми партия (1952) Программаи нави мубориза барои сохтмони давлати халкию демократи кабул карда шуд. Съезди 21-уми Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН (1964) дар бораи «Самти нави сиёсати партия» резолютсия кабул кард, ки дар он муносибати махдуди милли нисбат ба вазифахои Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН (бар зарари фаъолияти интернатсионалии партия) ифода гардид. Съездхои 22-юм (1968), 23-юм (1970) ва 24-уми (1972) Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар зери шиори «самти нав»-и сиёсат гузаштанд. Дар ни давра (солхои 1964—74) Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар мачлисхои машварати дар доираи харакати байналхалкии коммунисти иштирок накард ва ба партияи бародар хучум меовард.

Солхои 1975—77 бисёр нуктахои ин сиёсат аз нав дида баромада шуданд. Съездхои 25-ум (1975) ва 26-уми Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН (1978) родх нави сиёсатро мустахкам намуданд. Соли 1977 гуфтушунидхои хайати вакилони Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ва Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН барпо гардиданд, ки онхо ба муътадил шудани муносибати байни хар ду партия кумак расонданд. Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, Москва) иштирок карданд ва хуччатхои онро маъкул донистанд. Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар асоси принсипхои сентрализми демократи сохта мешавад. Органи олиаш — съезд, дар байни съездхо — Комитети Маркази, ки он барои рохбари ба корхои чории партия Президиуми Комитети Маркази  интихоб ме-кунад. Раиси Комитети Маркази— Э. Изебоуд. Органи марказиаш газетаи «Де Ваархейд», органи назариявиаш журнали Политик эн кюлтюр».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.