Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Корея

Партияи Коммунистии Корея

Партияи Коммунистии Корея (ПКК), апрели 1925 дар айни бо-лоравии харакати милли-озодихохи дар Корея, ки зери таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии  Октябр вусъат ёфт, барпо гардид. Партияи Коммунистии Корея ПКК ба баромадхои оммавии мехнаткашон рохбари мекард. Чазодихихо, инчунин муборизаи муттасили фраксионии дохили партия боиси он гардиданд, ки соли 1928  Партияи Коммунистии Корея ПКК чун кувваи муташаккил бархам хурд. Аммо коммунистон аз пинхонкори истода, ба муборизаи оммаи халк барои озодии мамлакат аз зулми мустамликави рохбари мекарданд. Ибтидои солхои 30 бо рохбарии коммунистон ба мукобили истилогарони япон муборизаи мусаллахи партизани сар шуд. Баъд аз он ки Корея августи 1945 аз тарафи Армияи Совети озод карда шуд, коммунистон ба харакати демократи, ки дар мамлакат вусъат ёфта буд, сарвар шуданд ва Партияи коммунистиро аз нав баркарор карданд.

Бо максади рохбари ба ташкилотхои партиявии Кореяи Шимоли 10 октябри 1945 Бюрои ташкилии  Партияи Коммунистии Корея ПКК таъсис дода шуд. Ин рузро минбаъд чун рузи ташкилёбии Партияи мехнатии Корея кайд мекардаги шуданд. Соли 1946 бо рохбарии  Партияи Коммунистии Корея ПКК дар Кореяи Шимоли органхои хокимияти  мехнаткашон — комитетхои халки ба вучуд омаданд, ислохоти аграри, милликунонии саноат ва дигар чорахои демократи андешида шуданд. Дар Кореяи Шимоли, ки дар он чо аз сентябри 1945 кушунхои ишголии америкои буданд, коммунистон ба харакати демократии оммаи халк бар зидди сиёсати ба халк душманонаи империализми Америка ва реаксияи дохили сардори карданд.

Августи 1946 Партияи коммунисти дар асоси принсипхои идеяви ва ташкилии марксизм-ленинизм дар Шимол бо Партияи нави халки (ибтидои соли 1946 таъсис ёфтааст), дар Чануб бо Партияи халки ва Партияи нави халки (соли 1945 таъсис ёфтааст) муттахид гардид. Дар натичаи ин Партияи мехнатии Кореяи Шимоли ва Партияи мехнатии Кореяи чануби барпо шуданд. Июни 1949 Партияи мехнатии Кореяи Шимоли ва Партияи мехнатии Кореяи Чануби муттахид шуда, Партияи ягонаи мехнатии Кореяро ба вучуд оварданд. Котиби генералии Комитети Марказии он Ким Ир Сен аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.