Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Италия

Партияи Коммунистии Италия

Партияи Коммунистии Италия (ПКИ), 21 январи 1921 дар съезди Ливорно аз тарафи гуруххои чапи револютсионии Партияи сотсиалистии Италия (ПСИ) ташкил карда шуд. То соли 1943 вай, ки сексияи италиявии Интернасионали Коммунисти буд. Партияи Коммунистии Италия ном дошт. Дар солхои аввали мавчудияти Партияи Коммунистии Италия ПКИ дар он чараёни сек­тантчиги (сардораш А. Бордяга) бартари дошт. Бо ёрии Интернатсионали Коммунисти соли 1923—24ххайати рохбарияти Партияи Коммунистии Италия ПКИ нав карда шуд. Ядрои рохбарияти нав (А. Грамши. П. Тольятти) доир ба вазифахои Партияи Коммунистии Италия ПКИ мубохиса гузаронд, ки он ба бартараф намудани акидахои сектантчи­ги мадад расонд. Съезда 3-юми Партияи Коммунистии Италия ПКИ (1926) тактикаи ба муборизаи зидди фашизм сафарбар намудани мехнаткашонро пешбари кард.

Дар давраи диктатураи фашисти (1926—43) баъди пароканда шудани хамаи партияхои сиёси Партияи Коммунистии Италия ПКИ ягона партияе буд, ки ба ташкилотхои пинхонкор такя намуда, фаъолияти зиддифашистиро на факат дар мухочират, балки дар дохили мамла­кат низ давом медод. Бисёр рохбарони партия чазо дода шуданд. Баъ­ди хабс шудани А. Грамши (19261 П. Тольятти рохбари партия шуд. Партияи Коммунистии Италия ПКИ барои татбики рохи муаёянкардаи Конгресси 7-уми Интернатси­онали Коммунисти, ки ба ташкили фронта ягонаи синфи коргар ва дигар мехнаткашон ба мукобили фашизм ва тахдиди чанг нигаронда шуда буд, фаъолона мубориза мебурд. Сиёсати Партияи Коммунистии Италия ПКИ ба муттахид намудани тамоми куввахои зиддифашистии Италия ёри расонд. Коммунистон ва сотсиалистон ба хайати хукумати Бадоло, ки дар территорияи озодшуда соли 1944 таъсис ёфта буд, дохил гардиданд. Пас аз озод шудани Италия (1945)Партияи Коммунистии Италия ПКИ рохи оммави гардонидани партияро пеш гирифт.

Съезда 5-уми Партияи Коммунистии Италия ПКИ (декабри 1945 — январи 1946) программам муборизаро барои тачдиди демократи (милликунонии монополияи ислохоти аграри, вусъат додани. кооперасия, республикаи демократи ва гайра, дар сурати боки мондани ягонагии зиддифашисти ва мавкеи рохбаронаи синфи коргар) ба миён гузошт.

Партияи Коммунистии Италия ПКИ якчоя бо дигар куввахои чап ба баркарор гардидани республика дар Италия (1946) муваффак шуд. Дар баробари ба муваффакиятхои демократии мехнаткашон хучум сар кардани буржуазия коммунистон ва сотсиалистон май 1947 аз хайати хукумат хоич карда шуданд. Съезди 8-уми Партияи Коммунистии Италия ПКИ (1956) стратегияи муборизаро барои сотсиализм дар Италия кор карда баромад. Дар съездхои 11-ум (1966) ва 12-уми (1969) Партияи Коммунистии Италия ПКИ шиори ташкил намудани аксарияти демократиро ба миён гузошт. Съезди 15-уми Партияи Коммунистии Италия ПКИ (1979) Устави нави партия ва Программаи пешазинтихобии интихоботи парламенти европоиро кабул кард.

Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Италия ПКИ дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд.

Принсипи ташкилии сохтмони Партияи Коммунистии Италия ПКИ —. сентрализми демократи. Органи марказии съезд буда, дар 4 сол як маротиба даъват мешавад. Съезд Комитети Маркази, Комиссияи марказии вазорат ва Комиссияи тафтишотро интихоб мекунад. Дар пленуми Комитети Маркази ва КМН рохбарияти партия, Котибот, Котиби генерали ва Раиси партия интихоб мешаванд. Органи марказии Партияи Коммунистии Италия ПКИ — газетаи «Унита». Котиби генерали—Э. Берлингуар.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.