Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Исроил

Партияи Коммунистии Исроил

Партияи Коммунистии Исроил (ПКИ), марта 1919 чун Партияи сотсиалистии коргарии Фаластин таъсис ёфт, аз соли 1921 Партияи Коммунистии Фаластин, аз соли 1948 (баъди ташкил шудани давлати Исроил) Партияи Коммунистии Исроил ПКИ номида мешавад. Солхои 1921—42 партия дар пинхонкори буд. Партияи Коммунистии Исроил ПКИ ба мукобили империализм, си­онизм ва реаксия, барои бархам до­дани мутеъии сиёси ва иктисодии мамлакат ба Штатхои Муттахидаи Америка ва дигар давлатхои империалисти, барои манфиатхои куллии мехнаткашон — яхудиён ва арабхо, барои тараккиёти Исроил бо рохи сулх, демократия ва прог­ресс, барои дустии байни халкхо собиткадамона мубориза мебарад.

Партияи Коммунистии Исроил ПКИ барои баркароркунии сулхи пойдор ва одилона дар Шарки Наздик дар асоси аз заинхои ишголшудаи араб баровардани кушунхои Исроил ва пурра татбик намудани резолютсияи Совети Амният аз 22 ноябри 1967 ва дигар резолютсияхон ТДМ катъиян ва устуворона мубориза мебарад. Съезди 18-уми Партияи Коммунистии Исроил ПКИ (декабри 1976) ба ташкил кардани фронти васеи де­мократии зиддиимпериалисти, ба муттахидшави дар муборизаи зидди сионизм ва гузаронидани ислохоти васеи демократи даъват намуд; накшаи баркарокунии сулхи одилона ва умумиро дар Шарки Наздик кабул кард.

Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Исроил ПКИ дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, I960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Исроил ПКИ хуччатхои дар ин мачлиско кабулшударо маъкул донист. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Исроил ПКИ М. Вилнер.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.