Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Ирок

Партияи Коммунистии Ирок

Партияи Коммунистии Ирок  (ПКИ), 31 марти 1934 барпо гардид. Съездп 1-уми Партияи Коммунистии Ирок  ПКИ (1945) Програм­ма ва Устави партияро кабул ва Комитети Маркази интихоб кард Хукуматдорони Ирок Партияи Коммунистии Ирок ПКИ-ро таъкиб карда, Котиби гелералии Комитети Маркази Юсуф Салмон Юсуф (Фарход)-ро сои 1949 ба катл расонданд. Конференсиям 2-юми Партияи Коммунистии Ирок  ПКИ (1956) «Рохи сиёсии партия дар мубориза барои озодии милли»— ном хуччатро кабул кард, хайати нави Комитети Маркази партияро бо сардории Салом Одил (ар-Роди) интихоб намуд.

Партияи Коммунистии Ирок ПКИ ташаббускори барпо кардани Фронти ягонагии -милли (1957) буд ва дар хайати он дар револютсияи соли 1958 иштирок намуд. Партияи Коммунистии Ирок ПКИ баъди револютсия ба кувваи бузурги сиёси табдил ёфта, то соли 1960 ба таври легали амал мекард. Пас аз табаддулоти давлатии соли 1963 Партияи Коммунистии Ирок ПКИ ба таъкиботхои нав дучор гашт, як катор рохбарони он, аз чумла Салом Одил кушта шуданд. Августи 1964 хайати нави Комитети Маркази бо сардо­рии Азиз Мухаммад интихоб гардид. Партияи Коммунистии Ирок ПКИ баробари ба сари хокимияти Ирок омадани партияи Баас (1968) ба фаъолияти легали имконият ёфт ва ду нафар намояндагони вай ба хайати хукумат дохил гардиданд (1972).

Дар байни Партияи Коммунистии Ирок ПКИ ва Баас соли 1973 оид ба принсипхои хамкори дар Фронти миллию ватандустонаи прогрессиви (ФМВП) шартнома имзо шуд, дар бораи программаи Фронти миллию ватандустонаи прогрессиви ФМВП— Хартияи амалиёти милли мувофикат пайдо гардид. Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Ирок ПКИ (1976) Программаи нави партияро кабул кард, ки он ба мустахкам кар­дан ва инкишоф дода шудани просесси револютсиони дар Ирок, мустахкам намудани хамкори бо дигар куввахои ватанпарвар дар доираи  Фронти миллию ватандустонаи прогрессиви ФМВП равона шуда буд.

Хайатхои  вакилони Партияи Коммунистии Ирок ПКИ дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, | 1969, Mосква) иштирок доштанд.  Партияи Коммунистии Ирок ПКИ хуччатхои дар ин мачлисхо кабулшударо маъкул донист. Котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ирок ПКИ Азиз Мудаммад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.