Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Ирландия

Партияи Коммунистии Ирландия

Партияи Коммунистии Ирландия (ПКИ), июни 1933 дар Съезди муассисони Дублин хамчун партияи ягонаи умумпирландие таъсис ёфт, ки коммунистони Шимол ва Чануби Ирландияро муттахид кард. Дере нагузашта ба Интернасионали Коммунисти дохил шуд. Соли 1940 фаъолияти Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ дар кисми чануби мамла­кат кать гардид. Ташкилотхои партиявии Ирландияи Шимоли ба худ номи Партияи Коммунистии Ирлан­дияи Шимоли (ПКИШ)-ро гирифтанд. Дар республикаи Ирландия Партияи коммунисти соли 1948 бо но­ми Лигаи коргарии Ирландия (аз соли 1962 Партияи коргарии Ирландия) баркаpop карда шуд.

Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Ирлан­дияи Шимоли ПКИШ ва Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунис­ти ва коргари (1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партия хуччатхои дар ин мачлисхо кабул шударо маъкул донист.

Съезди фавкулодаи муттахидкунандаи Партияи Коммунистии Ирлан­дияи Шимоли ПКИШ ва Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ дар Белфаст (марти 1970) дар бора и бар да pop кардана Партиям ягонаи коммунис­ток Ирландия дарор кард. Дар ма­нифеста Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ, ки дар съезд, кабул шуд, «барпо кардани Ирландияи нав яъне мамлакати озод, муттахид, сотсиалисти» максади асоси эъ­лон шудааст.

Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ дар асоси принсипхои сент- рализми демократи сохта шудааст. Партия аз чихати ташкили ба ташкилотхои Шимоли (Ирландияи Ши­моли) ва Чануби (Республикаи Ир­ландия) таксим меша над. Органи олии Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ — съезд дар байни съеаздхо ба кори партия Комичроияи мил­ли рохбари мекунад. Раиси Комич- роияи миллии Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ — Э. Барр, Ко­тиби генерали — М. О’Риордан. Органхои чопи — нашрияхои хафтаинаи «Айриш Уоркерс войс», «Айриш сошиалист», журнали «Айриш сошиалист ревью».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.