Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Дания

Партияи Коммунистии Дания

Партияи Коммунистии Дания (ПКД), 9 ноябри 1919 дар натичаи ба Партияи сотсиалистии чапи Дания муттахид шудани куввахои чапи Иттифоки сотсиалистии чавонон ва Партияи-сотсиалистии корга­рии Дания (таъсисаш апрели 1918) барпо гардид. Ин партия дар бораи ба Интернатсионали Коммунисти дохил шудан карор кабул кард ва но­ябри 1920 Партияи Коммунистии Дания ПКД номида шуд. Дар аввали солхои 30 Партияи Коммунистии Дания ПКД алокаашро бо мехнаткашон мустахкам намуд, соли 1932 намояндагони вай ба хайати парламенти Дания дохил шуданд. Съезди 14-уми (1936) партия принсипхои. сиёсати фронти ягонаро мувофики шароити Дания муайян кард. Бо ташаббуси Партияи Коммунистии Дания ПКД дар мамлакат Ко­митети хамраъи бо муборизаи Испанияи республикави ташкил шуд.

Дар давраи истилои фашистони немис (апрели 1940 май 1945) Партияи Коммунистии Дания Партияи Коммунистии Дания ПКД дар пинхонкори буд (аз июни 1941). Партияи Коммунистии Дания ПКД Харакати Мукобилатро ташкил кард.

Баъди чанг намояндагони Партияи Коммунистии Дания ПКД ба хайати «хукумати озоди» (5 май — 6 нонябри 1945) дохил гардиданд. Партияи Коммунистии Дания ПКД ба харакати куввахои прогрессивии халки Дания барои мухофизати сулх, зидди иштироки Дания дар НАТО, зидди хучуми монополияхо ба манфиатхои хаётии мехнаткашон рохбари кард.

Солхои 1956—60 Партияи Коммунистии Дания ПКД дар натичаи амалиёти чудоиандозии гурухи ревизионисти, ки соли 1958 ба чудои оварда расонд, душворихои чиддиро аз cap гузаронд. Минбаъд Партияи Коммунистии Дания ПКД сафхои худро дар асоси марксизм-ленинизм мустахкам сохт ва таъсири худро дар байни мехнаткашон пурзур кард.

Дар фаъолияти Партияи Коммунистии Дания ПКД Съезди 25-ум (сентябри 1976) ахамияти калон дошт, ки дар он программаи нави пар­тия— «Программаи коммунистон» кабул шуд. Дар он вазифаи ба вучуд овардани фронти васеи кувва- хои зидди монополисти ва мукаррар намудани демократияи зиддимонополисти чун шакли ба сотсиализм гузаштан ба миён гузошта мешуд. Демократияи зиддимонополисти бояд ба иттифохи куввахои чап ва фаъо­лияти баланди оммаи халк асос меёфт. Кувваи асосии ин гуна иттифок бояд синфи коргар шавад, ки ба он партияи марксисти-ленини рохбари кунад. Дар сохаи сиёсати хоричи Партияи Коммунистии Дания ПКД аз НАТО ва Иттиходи иктисодии Европа баромадан ва пеш гирифтани сиёсати хамзистии осоишта, паст кардани шиддати бай- налхалки ва хамкориро бо хамаи давлатхо, хусусан бо мамлакатхои сотсиалисти талаб мекард.

Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Дания ПКД дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Дания ПКД хуччатхои кабулкардаи ин мачлисхои машваратиро маъкул донист.

Мувофики устав (соли 1958 кабул шудааст) Партияи Коммунистии Дания ПКД дар асоси принсипхои сентрализми демократа сохта мешавад. Органи оли — съезди пар­тия, дар байни съездхо — Комитети Маркази мебо­шад ки он барои рохбари ба кори чории партия Комитети ичроияро интихоб мекунад. Раиси Партияи Коммунистии Дания ПКД — Й. Енсен. органи марказиаш газетаи «Ланд ог фольк», органи назариявиаш журнали «Тиден».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.