Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Булгория

Партияи Коммунистии Булгория

Партияи Коммунистии Булгория (ПКБ), асосхояш 2 август 1891, вакте гузошта шуд, ки бо ташаббуси Д. Блатоев кружокхои сотсиал-демократ мут- тахид шуда, Партияи сотсиал-демок­ратии Булгория (ПСДБ)-ро ташкил намуданд. Съезди 1-уми муассисони Партияи сотсиал-демок­ратии Булгория ПСДБ (1 август 1891) Программа ва Устави партияро кабул кард, органи рохбарикунандаи Партияи сотсиал-демок­ратии Булгорияро интихоб намуд. Соли 1894 благоевчиён (партиячиён) ба манфиати муггахид шудани синфи коргар бо ташкилоти ис- лохотчигии Иттифоки сотсиал-демократи Бул­гория (|«Иттифокчиён») муттахид гардид. Партия номи Партияи коргарии сотсиал-демократия Булгория (ПКСДБ)-ро гирифт. Съезди 4-уми Партияи коргарии сотсиал-демократия Булгория  (июли 1897) ба Устав як катор тагйирот дохил намуд.

Д. Бла­гоев мухаррири журнали назариявии Партияи коргарии сотсиал-демократия Булгория  «Ново Броме» гардид. Дар Съезди 5-ум (июли 1898) благоевчиён барои Партияи коргарии сотсиал-демократия Булгорияро ба авангарди хакикии синфи коргар табдил додан мубориза бурда, ба оппортунистон зарба заданд. Соли 1900 унсурони оп- портунистйи дар атрофи журнали «Общо дело» чамъ омаданд ва аз хамон вакт ошкоро «общедельчиён» меномиданд. «Общедельчиён» идеяи хамкории синфиро таргиб карда, ба оммаи буржуазияи майда нигаронида­ни пропагандаи партиявиро тавсия менамуданд. Съезди 8-уми Партияи коргарии сотсиал-демократия Булгория (июли 1901) идеяхои «общедельчиён»-ро рад кард. Дар Съезди 10-ум (1903) дар Партияи коргарии сотсиал-демократия Булгория чудои ба амал омад. Марксистон, ки тарафдори партияи тифоку муттахид буданд (номашон аз хамон чо «Сотсиалистони тифок — «теснякхо»), дар партияи мустакили револютсиони марксисти синфи коргари Булгория — Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк) —  муттахид шуданд.

Оппортунистон, ки партияро бо таш­килоти васеи хамаи «табакахои истехсолкунандогон (аз чумла буржу­азия хам — «сотсиалистони васеъ» табдил додани буданд, партияи реформистон» худ — Партияи коргарии сотсиал-демократии Булгория (сотсиалистони широкий) – ро ташкил доданд. Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк)  на танхо общеделочиги, балки бернштейнчиги, сентризм ва дигар зухуроти оппортунизмро дар харакати сотсиалистии байналхалки фош менамуд. Дар замони чангхои Бал­кан (1912—13) ва Чанги якуми чахони Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк  тахти рохбарии Д. Благоев, Г. Кирков, В. Коларов, Г. Димитров, X. Кабакчисв ба принсипхои интернасионализми пролетари содик монда, ба шовинизм ва чанг катъиян мукобил баромад.

Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк) дар зери таъсири Револютсияи Октябр аз бисёр акидахои кухнаи сотсиал- демократи халос шуд. Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк) дар ташкил намудани интернасионали Коммунисти фаъолона иштирок карда, соли 1919 ба хайати он дохил гардид. Маи 1919 Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк) Партияи Коммунисти Булгория (социалистони тесняк) — ПКБ (с. т.) номида шуд. Съеэди 1-уми Партияи Коммунисти Булгория (сотсиалистони тесняк)   «Декларацияи программави» кабул намуд. ки дар он дар бораи хокимиятро ба даст гирифтани про­летариат, дар бораи диктатураи про­летариат нахустин бор масъала гузошта шуда буд.

Съезди 2-юми Партияи Коммунисти Булгория (социалистони тесняк) май — июни 1920 программам партияро кабул кард. Съезди 3-юм (май 1921) оид ба масъалаи аграри резолютсияро тасдик кард, ки дар он иттифоки синфи коргар ва дехконон эълон карда мешуд. Съезди 4-уми Партияи Коммунисти Булгория (социалистони тесняк)  июни 1922 тактикаи фронт ягонаро маъкул донист, 9 июни 1923 дар Булгория табаддулоти фашисти шуд. Дар ин давра Партияи Коммунистии Булгория мачбур буд ба пинхонкори гузарад. Соли 1927 Партияи Коммунисти Булгория барои истифода бурдани имкониятхои легали Партияи коргари (ПК) ташкил кард, ки он то соли 1934 ошкоро амал мекард. Соли 1938 Партияи Коммунисти Булгория (сотсиалистони тесняк)    ва Партияи Коргари муттахид шуда, Партияи коргарии Булгория (ПКБ)- ро ташкил намуданд. Баробари ба хоки Булгория даромадани Армияи Совети 9 сентябри 1944 Партияи коргарии Булгория  халки Булгорияро ба шуриши мусаллахона бархезонд ва дар натича диктатураи монархи-фашисти сарнагун карда шуда, дар мамлакат сохти демократияи халки баркарор гардид.

Декабри 1948 Партияи коргарии Булгория  (коммунистон) Партияи Коммунистии Булгория номида шуд. Май — августи 1948 Партияи коргарии сотсиал-демократии Булгория (сотсиалистони широкий)ПКСДБ (с. ш.) дар асоси комилан эътироф кардани принсипхои идеяви ва ташкилии марксизм-ленинизм ба Партияи Коммунистии Булгория ПКБ муттахид шуд. Декабри 1948 Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Булгория ПКБ барпо гардид. Съезд ба давраи нави тараккии мамлакат — давраи сохтмони асосхои чамъияти сотсиалисти рох кушод. Съезди 7-уми Партияи Коммунистии Булгория ПКБ (июни 1958) хулоса баровард, ки муносибатхои сотсиалистии чамъ- ияти дар Булгория дар хамаи сохахои хаёти чамъият галаба карданд.

Съезди 10-уми Партияи Коммунистии Булгория ПКБ (апрели 1971) масъалаи инкишофи мамлакатро дар давраи сохтмони сотсиализми мутаракки мухокима намуд программаи нави партия — программаи сохтмони сотиализми мутараккиро кабул кард. Вазифахои пешравии минбаъдаи Булгория дар Съезди 11-уми Партияи Коммунистии Булгория ПКБ (март — апрели 1976) мухокима карда шуданд.

Хайатхои вакилояи Партияи Коммунистии Булгория ПКБ дар мачлисхои машваратии байналхалии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Булгория ПКБ хуччатхои кабулкардаи ин мачлисхои машваратиро маъкул донист.

Партияи Коммунистии Булгория ПКБ аз руи принсипхои сентрализми демократи сохта мешавад Органи олии Партия — съезд, дар давраи байни съездхо — Комитети Маркази барои рохбари ба кори сиёси Бюрои сиёсии Комитети Маркази, барои халли масъалахои чори Котиботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Булгория ПКБ интихоб карда мешавад. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Булгория ПКБ — Т. Живков. Органи марказни Партияи Коммунистии Булгория ПКБ — г. «Работяическо дело» органи назариявии Партияи Коммунистии Булгория ПКБ — журнали «Ново време» мебошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.