Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Бухоро

Партияи Коммунистии Бухоро

Партияи Коммунистии Бухоро (ПКБ), соли 1918 бо ташаббуси ташкилотхои коммунистии Бухорои Нав ва Тошкент ташкил ёфт. 20 апрели 1918 мачлиси умумии тамоми мухочирони Бухоро даъват карда шуд. Иштирокчиёни он (кисми мухочирони рухияи револютсиони дошта) карор карданд, ки Партияи Коммунистии Булгория ПКБ дар асоси эътироф намудани Программаи РКП (б) таъсис карда шавад. 25 сент Комитети Марказии муваккатии Партияи Коммунистии Бухоро барпо карда шуд.

Партияи Коммунистии Бухоро декабри 1918 программаеро кор карда баромад, ки он сарнагун кар­дани сохти мустабиди феодалии Бу­хоро ва баркарор намудани респуб­ликаи халкии совети, мусодираи заминхои амиру бекхо ва ба дехконони камбагал таксим карда доданд онхо, баробар хукукии мехнаткашо­ни тамоми миллатхо, озодии сухан, матбуот ва гайраро пешбини мекард.

Ташкилотхои махаллии Партияи Коммунистии Бухоро дар як катор шахрхои Туркистони Совети ташкил ёфтанд. Дар худуди амо­рат 37 ячейка ва ташкилоти Партияи Коммунистии Бухоро, аз чумла 23-то дар байни коргарону косибону дехконон ва 13-то дар бай­ни сарбозони амир махфи барпо кар­да шуданд. Яке аз ташкилотхои оммавию чанговари Партияи Коммунистии Бухоро ташкилоти партиявии Бухорои Кухна ба шумор мерафт. Baй дар сафхои худ 300 нафар коммунистонро муттахид ме­кард. Дар шахр 10 ва дар гирду ат­рофи он 16 ячейкаи махфии партияви амал мекард. Соли 1920 дар мавзеи Бухорои Кухна 21 ячейкаи партиявии коммунисти мавчуд буд, ки онхо 1500 нафар аъзо доштанд.

Бунёди Партияи Коммунистии Бухоро дар харакати озодихохии аморат давраи сифатан навро ба вучуд овард. Вай бо кумаки Российская Коммунистическая Партия (болшевиков) куввахои инкилобии халкро ба шуриши мусаллахона омода сохт. Съездхои 1-ум (30 май — 11 июни 1919), 2-юм (26—30 июни 1919) ва 3-юми Пратияи Коммунистии Бухоро (31 декабр 1919) карор карданд, ки вазъияти сиёсии мамлакат хаматарафа тахлил шуда, риёкории муллою эшонхо фош кардани халки дар зулмотмонда аз таассуби дини рахо дода шавад. Партияи Коммунистии Бухоро ба кори бузурги ташвикотию таргиботи, тарбиявию сиёси пардохт. Соли 1919 дар як катор бекихои аморат ошубхои дехконон бархост. 2 июни хамон сол дар Бухорои Кухна баромади омма- вии мехнаткашон барпо гардид, ки дар он 15 хазор нафар иштирок кар­данд.

Партияи Коммунистии Бухоро  накшаи шуриши мусаллахонаро кашида, ба халли масъалахои  зерин кушид: ба револютсия тайёр кардани оммаи халк, муайян намудани пешоханг ва резервхои рево­лютсия, муносибат бо чавонбухориён, роххои истифодаи куввахои аз бе­руни Бухоро ба ёрии инкилобчиён меомадаги ва бо куввахои револютсионии Бухоро пайвастани онхо ва гайра. Дар халли дурусти ин масъалахо Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (болшевиков) ва намояндагони ваколатдори он ба Партияи Коммунистии Бухоро ёрии амали расонданд.

Съезди 4-ум и Партияи Коммунистии Бухоро (16—18 август 1920) куввахои револютсионию демо­кратии аморати Бухороро ба шуриши мусаллахона даъват кард. Дар сафи отрядхои мусаллахи Бухоро 5 хазор нафар чанговарон буданд. Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон ба ихтиёрп Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро 500 нафар коммунистонро хамчун кор- кунони сиёси фиристод. 23 августи соли 1920 дар Сакарбозор (бекии Чорчуй) шуриши мусаллахона cap шуд. 25 августи 1920 барои рохбари ба шуриш маркази партияви барпо карда шуд. 29 август шуришгарон ва отрядхои сурхи Бухоро Чорчуй Кухнаро гириф­танд.

Дар чараёни мубориза Комитети револютсиони барпо карда шуд, ки он ба Комиссияи туркистония Комитети Ичроияи Марказии Умумироссия ва Совети Комиссариати Халк Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия мурочиат карда, ба воситаи он аз хукумати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия  ёри талабид. Хукумати Совети кисмхои Армиям Сурхро бо сардории лашкаркаши машхур М. В. Фрунзе ба Бухоро равона кард. 29—31 август Хатирчи, Китоб, Карми­на, Зиёвуддин, Карши, Шахрисабз ва 2 сентябри 1920 Бухорои Кухна аз сарбозони амир озод карда шуданд. Хукумати «мустабиди амир сарнагун гардид. Револютсияи халкии демократи галаба кард. 14 сентябр Комитети револютсионии умумибухорои ва Совети нозирони халк ташкил карда шуд. 8 октябр дар Курултои (съезди) 1-уми умумибухороии намояндагони халк Бухоро Республикаи Халкии Совети эълон карда шуд. Партияи Коммунистии Бухоро баъди анчоми музаффаронаи шуриши мусаллахона дигаргунсозихои револютсионии демократиро ба амал баровард. Аппа­рати кухаи феодалии аморати Бу­хоро бекор ва органхои республикавию махаллиихокимияти Совети ташкил карда шуданд.

Дар пайдоиши соти нави халкию демократи дар Бухоро ва мустахкам шудани сафхои Партияи Коммунистии Бухоро Съезди 5-ум (феврали 1921) мавкеи калон дошт. Съезд вазифахои асосии Партияи Коммунистии Бухороро муайян карда, вазъияти дохили ва сиёсии республикаро тахлил намуд. Апрели 1921 Партияи Коммунистии Бухоро ба Интернатсионали Коммунисти дохил шуд.

Съезди 6-уми Партияи Коммунистии Бухоро (декабри 1921) диккати асосиро ба сафарбар намудани куввахои мехнаткашони Бухоро ба­рои нест кардани босмачиги ва мус­тахкам намудани сохти халки чалб кард. Съезд лоихаи Программаи Партияи Коммунистии Бухороро, ки дар асоси Программаи Российская Коммунистическая Партия (6олшевиков) тартиб дода шуда буд, му- хокима намуд.

Охири 1921 ва аввали 1922 муборизаи синфи дар Республикаи Халкии Советии Бухоро шиддат ёфт. Бо максади тезондани торумори босмачиги 2 январи 1922 Комиссияи фавкулодаи диктатори ва июни 1923 Сове­ти харбии револютсионии Бухорои Шарки ташкил карда шуданд. Солхои 1922—23 Хокимияти Совети дар тамоми Бухорои Шарки баркаpop гар­дид. Аввали 1924 дар сафхои Партияи Коммунистии Бухоро 1298 нафар аъзо ва 155 нафар номзад ба аъзои партия буданд, ки онхоро 152 ташкилоти ибтидои муттахид менамуд.

Дар афзоиши минбаъдаи сафхои Партияи Коммунистии Бухоро, мустахкам шудани он ва ба давраи тараккиёти сотсиалисти дохил гардиданн Республикаи Халкии Советии Бухоро Съезди 8-уми Партияи Коммунистии Бухоро (январи 1924) мавкеи калон дошт.

Декабри 1924 ба муносибати таксимоти миллию давлатии Осиёи Миёна ва барпо шудани ташкилотхои партиявии республикавию вилоятии Уз­бекистон, Туркменистон ва Точикистон Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро бархам дода шуд.

Адабиёт: Очерки истории коммунистиче­ских партий Туркестана, Бухары и Хо­резма, Ташкент, 1959; История комму­нистических организаций Средней Азин, Ташкент, 1967; Очерки истории комму­нистической партии Узбекистана, Таш­кент, 1974.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.