Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Белгия

Партияи Коммунистии Белгия

Партияи Коммунистии Белгия (ПКБ), 4 сентябр 1921 ташкил ёфт. Хамон сол ба Интернасионали Коммунисти дохил гардид. Партияи Коммунистии Белгия солхои 20—30 ба чазодихихои хукуматдорон нигох накарда, дар ташкили муборизаи мехнаткашон ба мукобили сиёсати доирахои хукмрон мавкеи калон дошт. Солхои 1936—39 бо даъвати Партияи Коммунистии Белгия зиёда аз 2 хазор нафар белгияхо дар Испания дар сафхои бригадахои интернасионали ме­чангиданд. Дар давраи аз тарафи фашистони немис истило шудани Белгия (май 1940 — сентябр 1944) Партияи Коммунистии Белгия  пинхони амал мекард ва рох- бари Харакати Мукобилат буд.

Соли 1914 баъди озод шудани Бел­гия, намояндагони Партияи Коммунистии Белгия ба хайати хукумат дохил шуданд. Партия про­граммаи баркароркунии мамлакатро пешниход кард. Вале доирахои реаксионии бо дастгирии рохбарони рости Партияи сотсиалистии Белгия (ПСБ) ва доирахои хукмрони Штатхои Муттахидаи Америка дар мамлакат маъракаи зиддиком­мунисти ва зиддисоветиро вусъат доданд. Марти 1947 коммунистон аз хайати хукумат ронда шуданд. Августи 1950 аз дасти котилони зархариди фашисти — Раиси Партияи сотсиалистии Белгия  Ж. Ляо кушта шуд. Дар натичаи таъкибу дунболагирихои хукумат шумораи’ аъзоёни Партияи Коммунистии Белгия  кам шуд. Съездхои 12-ум (1957) ва 13-уми партия (1960) вазъияти мамлакатро ба назар гирифта, тезисхои программави кабул карданд.

Дар хуччатхои съеэдхои 14—19- уми Партияи Коммунистии Белгия ташкили фронти васеи зиддимонополисти, барпо кардани хукумати зиддимопополости, милликунонии банкхо ва гайра максади про­граммавии партия эълон шуданд. Партияи Коммунистии Белгия  таклиф намуд, ки масъалаи милли дар Бельгия бо рохи аз давлати унитари (ягона) ба федерасияи автономияхои Фландрия, Валломния ва Брюссел табдил додани Белгия хал карда шавад. Съезди 23-юми Партияи Коммунистии Белгия (1979) рохи муборизаро барои конеъ гардонидани талаботи оммахои медхнаткаш, барои ислохоти де­мократии давлат, барои сулх ва ярокпартои муайян намуд, тадбирхоро оид ба муттахид намудани сафхои партия тасдик кард.

Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Белгия  дар Мачлисхои машваратаи байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960. 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Белгия хуччатхои дар ин мачлисхо кабулшударо маъкул шу­морид. Партияи Коммунистии Белгия  дар асосхои принсинхои сентрализми демократи сохта мешавад. Органи оли — съезди пар­тия, дар байни съездхо — Комитети Маркази, ки барои рохбари ба кори чории партия Бюрои сиёсии Комитети Марказиро интихоб менамонд. Раиси Партияи Коммунистии Белгия  — Л. ван Гейт. Ор­гани маркаpиаш — на-шрияхои харрузаи «Драпо руж» (ба забони Фран­сави), хафтаинаи «Роде ван».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.