Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Бангладеш

Партияи Коммунистии Бангладеш

Партияи Коммунистии Бангладеш (ПКБ). То соли 1971 Партияи Коммунистии Покистони Шарки (ПКПШ) ном дошт, ки oн соли 1948 ташкил ёфта буд. Аз соли 1954 дар пинхонкори амал мекард. Конференсияи 3-юми гайрилегалии Партияи Коммунистии Покистони Шарки чорахои аз чихати ташкили мустахкам намудани партия ва ба рох мондани кори байни оммаро андешид. Соли 1968 дар пинхони Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Покистони Шарки барпо гардид, ки он хайати нави Комитети Марказиро интихоб намуда. Программа ва Устави партияро кабул кард. Партияи Коммунистии Покистони Шарки дар муборизаи мусаллахона ба мукобили режими А. М. Яхёхон ва барпо намудани Республикаи Халкии Бангладеш (1971) фаъолона иштирок намуд.

Апрели 1971 Партияи Коммунистии Покистони Шарки ба худ номи Пар­тияи Коммунистии Бангладеш (ПКБ)-ро гирифт ва аввалин бор имконияти васеъ пайдо кард, ки дар хаёти сиёсии мамлакат ошкоро ва фаъолона иштирок кунад. Пар­тияи Коммунистии Бангладеш ба­рои баркарор намудани иктисодиёти мамлакат ва бехтар кардани ахволи оммаи мехнаткашон сафарбар намудани куввахои эчодии халкро вазифаи асосии худ эълон намуд. Аммо парокандагии синфи коргар ва набудани ягонагии хакикии амалии куввахои миллии ватандуст ба Пар­тияи Коммунистии Бангладеш халал расонданд, ки дар аввалин интихоботи парламент (1973) номзадхои худро пешбари кунад. Съезди 2-юми Пар­тияи Коммунистии Бангладеш  (декабри 1973) ком­мунистонро ба тарафдории дигаргунсозихои ичтимоию иктисоди, ки ху­кумати Мучибуррахмон мегузаронд, сафарбар намуд. Баъди табаддулотн давлатии 1975 кори Пар­тияи Коммунистии Бангладеш мушкил гаридд; соли 1977 Пар­тияи Коммунистии Бангладеш  манъ ва рохбаронаш хабс карда шуданд .(соли 1978 озод гардиданд).

Хайати вакилони Партияи Коммунистии Покистони Шарки дар Мачлиси машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1969, Москва) иштирок карда, хуччатхои дар ин мачлис кабулшударо маъкул донист. Раиси Пар­тияи Коммунистии Бангладеш  — Мони Сингх. Котиби генералии Комитети Марказии Пар­тияи Коммунистии Бангладеш  — Мухаммад Фарход. Органи маркази — нашрияи хафтаинаи «Экота».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.