Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Австрия

Партияи Коммунистии Австрия

Партияи Коммунистии Австрия (ПКА), 3 ноябр 1918 дар кон­ференсияи муассисон дар Вена дар шароити болоравии харакати револютсиони дар Австрия зери таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр таъсис ёфт. Соли 1919 Партияи Коммунистии Австрия ба Иитернасионали коммунисти дохил гардид. Дар солхои аввали мавчудияти партия рохбарияти он ба як катор хатохои чаправии гузаро рох доданд, ки онхо хамчун саркаши аз иштирок дар интихоботи парламента соли 1920 зохир гардиданд. Дар бартараф кардани ин хатоихо «Мактуб ба коргарони Австрия»-и Владимир Илич Ленин (август 1920) мавкеи калон дошт. Дар нимаи дуюми солхои 20 рохбарияти партия бо сардории И. Коплениг бар зидди ха­тари фашизм, барои афзун гардондани таъсири партия ба омма муборизаро вусъат дод.

Маи 1933 Партияи Коммунистии Австрия ПКАро хукумати реаксионии Э. Долфус манъ кард ва партия муборизаро дар пинхонкори давом дод. Съезди 12-уми Партияи Коммунистии Австрия  (сентябри 1934) кавитар гардидани мут- тахидии пролетариати Австрияро дар зери шиори фронти ягона намоиш дод, дар айни хол съезд ба Авст­рия хавф доштани фашизми Герма­нияро ошкор кард. Партияи Коммунистии Австрия ба Австрия­ро марти 1938 забт кардани Герма­нияи фашисти катъиян зид баромад. Баъди озодшавии Австрия (апрели 1945), ки дар ин кор Иттифоки Со­вети мавкеи калон дошт, Партияи Коммунистии Австрия  дар кори азнавбаркароркунии хочагии халки мамлакат фаъолона иштирок кард. Солхои 1945—47 намояндагони Партияи коммунисти ба хайати ху­кумати Австрия дохил буданд.

Партияи Коммунистии Австрия ба кушишхоиШтатхои Муттахидаи Америка ва дигар давлатхон Гарб, ки мамлакатро ба блокхои харбии тачовузкор кашидани бу­данд. мукобил баромада. тарафдори сиёсати бетарафиро пеш гирифтани Австрия ва бастани шартномаи давлати буд. Дар хуччати программавии «Роки Австрия ба суи сотсиа­лизм», ки онро феврали 1958 конферен­сияи Партияи Коммунистии Австрия  кабул кардааст, таъкид карда мешавад, ки дар Австрия бо рохи осоишта ба сотсиализм гузаштан (ба воситаи дар парламент аксариятро ба даст овардани синфи кор­гар ва тарафдории оммаи васеи халк) имконпазир аст. Съезди 21-уми Партияи Коммунистии Австрия  (май 1970) гурухи оппортунистони рост (Э. Фишер, Ф. Маркс ва дигар)- ро аз партия хорич намуд. Карорхои съезд партияро аз чихати ташкили ва идеологи мустахкам кард. Дар хуччате, ки Съезди 22-юми Партияи Коммунистии Австрия  (январ 1974) зери унвони «Принсипхои сиёси — идеологии Партияи Коммунистии Австрия » кабул кард, нишон дода мешавад, ки сохтмони асосхои сохти чамъияти сотсиа­листи дар Австрия «мувофики конуниятхои умуми сурат мегирад.

Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Австрия дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, I960, 1969, Москва) иштирок кар­данд. Партияи Коммунистии Австрия хуччатхои ин мачдисхоро маъкул донист. Партияи Коммунистии Австрия дар асоси принсипхои сентрализми демократи сохта мешавад. Органи олии пар­тия — съезд. Дар байни съездхо ба кори партия Комитети Марказии Партияи Коммунистии Австрия рохбари мекунад, ки он Бюрои сиёсиро интихоб менамояд. Раиси Партияи Коммунистии Австрия —Ф. Мури. Органи Маркази — газетаи харрузаи «Фолкоштимме», органи назариявиаш — журнали хармохаи «Вег унд циль».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.