Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Аргентина

Партияи Коммунистии Аргентина

Партияи Коммунистии Аргентина (ПКА), январи 1918 дар съе­зди намояндагони каноти чапи Пар­тияи сотсиалистии Аргентина бо номи Партияи интернатсионалии сотси­алистии Аргентина (ПИСА) дар Бу­энос-Айрес барпо гардид. Съезд дар бораи ташкил ёфтани партия Мани­фест кабул кард, устав ва «Деклара­сияи принсипхо»-ро тасдик намуд, хамраъйиро бо Револютсияи Октябр дар Россия изхор карда, ба болишевикони рус табрикнома фиристод. Апрели 1919 Съезди 2-юми Партияи интернатсионалии сотси­алистии Аргентина  барпо гар­дид, ки он дар бораи кандани алока аз Интернасионали 2-юм ва ба Ин­тернасионали Коммунисти хамрох шудан (4920) карор кабул кард.

Дар съезди фавкулодда декабри 1920 Партияи интернатсионалии сотси­алистии Аргентина Партияи Коммунистии Аргентина (ПКА) номида шуд. Съезди 8-у»ми Партияи Коммунистии Аргентина ПКА («ноябри 1928) хусусияти рево­лютсияи дар пешистодаи Аргентинаро чун револютсияи буржуази-демократии аграри ва зиддиимпериалисти муайян намуд, ки барои дуруст хал кардани масъалаи иттифокчиёни пролетариат дар револютсия имконият дод. Солхои 1920—45 Партияи Коммунистии Аргентина манъ карда шуд. Съезди 11-уми пар­тия (августи 1946) ба зарурати вусъат додани кори эзохотии байни оммахо, ташкили мубориза барои сохиб шу­дан ба озодии демократи, барон мухофизати иктисодиёти милли аз монополияхои Штатхои Муттахидаи Америка диккати махсус дод. Муборизаи фаъолонаи партия барои ин максадхо боиси афзоиши нуфузи вай ба омма, зиёдшавии шумораи аъзоёни партия гардид.

Хукумати Аргентина аз афзоиши минбаъдаи таъсири Партияи Коммунистии Аргентина  тарсида, апрели 1959 фаъолияти партияро манъ кард, газета ва нашриётхои вайро баст. Съездхои 12-ум (1963) ва 13-уми партия (1969) дар пинхони гузаштанд, ки онхо шиорхои ташкили муборизаи оммаро бахри ба даст овар­дани хокимият ва ташкил намудани хукумати халки — демократи ба миён гузаштанд. Августи 1973 Съезди 14- уми Партияи Коммунистии Аргентина барпо гардид. Съезд фаъ- олияти хукумати блоки Фронти Хустисиалистии озодшавиро, ки май 1973 ба сари хокимият омада буд, дастгири намуд ва нуксхои фаъоли­яти онро танкид кард. Съезд ба ягонагии тамоми куввахои прогрессиви даъват намуд, то ки мамлакат бо рохи демократи таракки кунад. Баъди табаддулоти давлати (марти 1976) фаъолияти Партияи Коммунистии Аргентина  расман катъ гардид.

Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Аргентина  дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Аргентина  хуччатхои дар ин мач- лисхо кабулшударо маъкул донист. Партияи Коммунистии Аргентина  дар асоси принсипхои сентра­лизми демократи сохта мешавад. Органи олии партия — съезд дар байни съездхо ба кори партия Комитети Маркази рохбари мекунад, ки он Комитети ичроия ва Котиботи сиёсиро интихоб мекунад. Котиби генерали — А. Фава. Органи маркази — «Нуэстра палабра», органи назариявиаш журнали «Нуэва эра».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.