Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир

Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир

Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир, январи 1966 дар асоси Партияи Коммунис­тии Алчазоир (ПКА, 1936—65) ва куввахои чапи Фронт озодкунии милли (ФОМ) барпо гардид. Коммунистони Алчазоир, ки бо Партиям Коммунистии Франсия алокаи зич доштанд, дар таргиби идеяхои марк­сизм дар мамлакат, дар муборизаи зидди фашистони Германия ва Ита­лия ва режими Виши дар солхои Чанги дуюми чахон сахми калон гузоштанд. Баъди шуриши мусаллахона, ки 1 ноябр 1954 бо рохбарии Фронти Озодкунии Милли дар Алчаэоир cap шуда буд, Партиям коммунисти гуруххои Му­саллахи «Муборизони озодшави» ташкил кард, ки остхо баъди созиши байни Фронти Озодкунии Милли  ва Партияи Коммунис­тии Алчазоир  (1956) ба хайати Армияи озодшавии милли дохил шуданд.

Партияи коммунисти баъди мустакил гардидани Алчазоир (1962) ва дар Съезди партия Фронти Озодкунии Милли  (апрел 1964) кабул шудани программа, ки дар он рохи сотсиалистии тараккиёти мамлакат пешбини мешуд, ин про­граммаро асоси хамкори бо Фронти Озодкунии Милли дониста, аъзоёни худро даъват кард, ки ба сафи Фронти Озодкунии Милли дохил шаванд. Ин даъват ба парокандашавии Партиям Коммунистии Алчазоир оварда расонд.

Коммунистон, ки аз дохил шудани як катор унсурони рост ба Совети револютсиони (органи олии сиёси ва давлатии Республикаи Халкии Демократии Алчазоир) хавотир шуда буданд, вокеахои 19 июни 1965-ро чун кушиши дар мамлакат баркарор кардани диктатурам харби фахмиданд ва мехнаткашонро ба намоиш даъват намуданд. Бисёр фаъолони Партияи Коммунис­тии Алчазоир  ва Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир хабс карда шуданд. Совети револютсиони бо сардории X. Бумеден садокати худро ба рохи со­тсиалистии интихобкардаи мамлакат собит намуд, дар бобати мустахкам кардани истиклолияти милли як катор чорахои мухим дид. Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир сиёсати зиддиимпериалистии Бумедён ва дигаргунсозихои прогрессивии ичтимоию иктисодиро дастгири мекард, ба фитнагарихои реаксияи до­хили ва, беруни мукобил мебаромад.

Аз миёнаи солхои 70 таъкиботи фаъолони Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир кать гардид. Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир барои муттахид намудани тамоми тарафдорони рохи сотсиалистии мам­лакат дар атрофи хуччати програм­мавии револютсияи Алчазоир — Хар­тияи милли (1976) ва карорхои Съе­зди 4-ум и партияи Фронти Озодкунии Милли  (январи 1979), ки Комитети Маркази ва Бюрои сиёсии партияро бо сардории Котиби генералии Фронти Озодкунии Милли  Бенчедид Шадли (7 феврали 1979 президенти Республикаи Халкии Демократии Алчазоир) интихоб намуд, мунтазам баромад мекунад. Родбарияти Республикаи Халкии Демократии Алчазоир таъкиботи унсурони прогрессивиро катъ карда, сиёсати дар Республикаи Халкии Демократии Алчазоир мавчуд будани факат як пар­тияи рохбарикунандаи Фронти Озодкунии Миллиро ус- туворона пеш мегирад. Партиям Фронти Озодкунии Милли мувофики Хартия «дувваи пешакадам, рохбарнкунанда ва ташкилкунандаи мубориза барои татбики максадхои револютсияи сотсиалисти мебошад.

Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир  дар масъалахои асосии вазъияти байналхалки, харакати коммунисти ва миллии озодихохона дар мавкеъхои марксизм-лениниизм меистад, тарафдори устувори сулх ва пастшавии шиддати вазъияти байналхалкии, инкишофи хамкории байни Алчазоир ва СССР ва дигар мамлакатхои Иттиходи сотсиалисти аст. Намояндагони Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир  дар Мачлиси машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир  ба таври гайрилегали ба забонхои араби ва франсави бюллетени хармодаи «Савт-уш-Шааб» нашр мекунад. Ко­тиби якуми Комитети Марказии Партияи Авангарди Сотсиалистии Алчазоир — Содик Ха- черес.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.