Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Авангарди Халки Коста-Рика

Партияи Авангарди Халки Коста-Рика

Партияи Авангарди Халки Коста-Рика (ПАХК), июни 1931 барпо гардид (то 1943 Партияи ком­мунисти ном дошт). Конференсиям 1-ум (1931) устав ва декларасияи программавии партияро кабул кард. Партия ба бисёр корпартоихо рохбари кардааст. Солхои 40-ум Партияи Авангарди Халки Коста-Рика бо дигар партияхои чап блок баста, дар хайати хукумат дохил буд. Дар солхои Чанги граждани (1948) ком­мунистон харакати мудобилатро бар зидди куввахои реаксиони рохбари мекарданд. Декабр 1959— январ 1960 Партияи Авангарди Халки Коста-Рика дар ташкил ва гузаронидани корпартоии коргарони плантасияхои банани «Юнайтед фрут компании фаъолона иштирок кард. Съезди 11- уми Партияи Авангарди Халки Коста-Рика  (1971) программаи нав кабул кард, ки он ба амал баровардани револютсияи демократи, аграри, зидди- империалисти, амали гардонидани револютсияи сотсиалисти ва ташкил кардани ху­кумати халки-демократиро пешбини мекард.

Хайатхои вакилони Партияи Авангарди Халки Коста-Рика дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Авангарди Халки Коста-Рика хуччатхои дар ин мачлисхо кабулшударо маъкул донист. Партияи Авангарди Халки Коста-Рика дар асоси принсипхои сентрализми демократи сохта мешавад. Органи олии партия — съезд, дар байни съездхо — Комитети Маркази ва Комис­сияи сиёси. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Авангарди Халки Коста-Рика — М. Мора Валверде. Органи маркази — газетаи хафтаинаи «Ли- бертад» («Озоди»).

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.