Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пармакунии замин

Пармакунии замин

Пармакунии   з а м и н, просесси ба шакли мудаввар кандани чукурихо (пармачок, шурф, баъзан шурф ва шахтахо)-ро гуянд. Пармакуни бо максади омухтани сохти геологии кишри Замин, чустучу, инкишоф ва истихрочи сарватхои зеризамини, инчунин тадкикоти ин­женерию геологи гузаронида меша-вад. Бо ёрии афзори махс ус и Пармакуни накбро батадрич канда, чинси кандашударо ба берун мерезанд. Баъзан ба деворхои пармачох гулбахои мухофизро насб карда, рогахои байни девору гулбаро сементпуш мекунанд. Пармакуни ду хел мешавад: механики (чинсро бо ёрии афзоли парма мекананд) ва г а й р и  м е х а н и к и (чинс ба тарзи термики, таркониш на гайра вайрон карда мешавад). Пармакунии механики ду хел аст: зарбати ва чархзананда.

Хангоми Пармакунии зарбати снаряди пармакуни, ки аз искана ва чанд олатии дигар иборат аст, ба чинс бо зарб гутида, онро вайрон мекунад. Снарядро ба воситаи симтаноби пулоди ё худ штанга ба нармачох ме- фуроранд. Чинси кандашуда бо оби накб даромехта, ба хамира (пулла) табдил меёбад, ки онро баъд бо но­ваи махсус ба берун бароварда мерезанд. Просесси бо гулбахои мухофиз мустахкам кардани девори пар­мачох ин тавр сурат мегирад: агар Пармакуни барои чустучуи об гузаронида шавад, ба гирдогирди пармачох пас аз кандани чукурии муайяне гулбахои мухофиз мегузоранд; ханго­ми иктишофи конхои пошхурдаи сарватхои зеризамини бошад, аввал гулбахои мухофизро ба накб куфта, сони ба коркарди чинсхои дохили гулба шуруъ мекунанд.

Дар вакти Пармакунии чархзаванда кандани чинс якбора дар тамоми масохати накб давом мекунад. Исканан чархзанандае, ки ба нуги гулбаи пармакуни шинонда шудааст, чинсро кафонда майда мекунад. Ва­ле просесси Пармакунии сутунчаги (колонкаги) каме дигартар аст: ба воситаи точпармае, ки дар нугаш метинкалам ё худ алмос дорад, чинсхои нарм ва ё сахтро халкавор бурида мегиранд. Чинсхои даруни сутунчаро, ки ба силиндр монанд буда, керн ном дорад, дар берун холи карда, ба максади тадкикот истифода мебаранд. Баъзан хангоми пармакунии чинсхои сахту матин ба зери точ сочмаи чуяни ё пулодиро рехта, накб мекананд. Чинси майда кардашуда (шлам)-ро ба воситаи моеот (об, махлулхои гили ва силикати, оханкоб, инчунин махлулхои нефтдор, баъзан эмулсия) берун мерезанд.

Пармачоххое, ки бо усули сутунчаги канда мешаванд, 2—3 километр чукури дошта, диаметрашон то ба 150 миллиметр мерасад. Накби яклухтро асосан ба максадхои техники ва истифодаи сарватхои зеризамини мекананд. Ба­рои истихрочи нефту газ пармачоххои аз хама чукур (то 8—9 километр) кан­да мешаванд. Дар СССР барои омухтани сохти геологии мантияи болоии Замин бо ёрии мошини «Уралмаш- 15000» ду пармачох канда истодаанд, ки чукурии хар кадоме то ба 15 километр мерасад. Ин кабил чоххоро ба таври амуди  мекананд. Баъзан аз як чохи амудии кандашуда тахти кунчхои гуногун (одатан дар каъри бахр ва махалхои релефашон мураккаб) боз чанд чохи моил мекананд, Пармакуни таърихи басо кадим дорад.

Хануз 4 хазор сол то милод мисриён ба­рои сохтани пирамидаву ахромхо парма чоххо кандаанд. Хитоиён низ 2 хазор сол пеш аз ин барои гирифтани намакобхо аз Пармакуни истифода бурдаанд. Дар он чо пармачоххои диаметрашон 12—15 сантиметр ва чукуриашон 900 метр кофта мешуданд. Дар Россия хам аз пармачоххо бори аввал барои гирифтани намаки ош истифода бурдаанд. Дар асри 12 дар наздикии шахри Кост­рома конхои намак мавчуд буданд ва намакобхоро аввал ба воситаи чоххо ва сомитар пармачоххо берун меоварданд. Ёфт шудани конхои сершумори нефт боиси ривоч ёфтани Пармакуни гардид. Хозир барои Пармакуни тачхизоти навтарини замонавиро ба кор меба­ранд.

Адабиёт: К у л и ч и х л и Н. И., В о з д-яиженскхй Б. И., Разведочное буре­ние М., 1966; Есин Н. Н., Пневмати­ческие машины ударного действия для бурегапя шпуров. Новосибирск. 1978: Электромагнитные молоты, Новосибирск. 1979.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.