Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пармакуни

Пармакуни

Пармакуни, 1) д а р   коркарди металл — просесси бо парма сурох кардани масолехи металлист. Масолехро дар дасттоххои пармакуни, харроти, агрегати ва гайра, инчунин бо ёрии мошинхои пармакунии дасти парма мекунанд. Бо парма суроххое хосил мекунанд, ки дарачоти хакикиашон 4—5 аст. Суроххои дарачоти дакикиашон аз ин баландро бо коркарди минбаъдаи онхо хосил мекунанд. Дар вакти Пармакуни ду намуди харакат: харакати а с оси(чархзани) ва х а р а к а т и д и х и ш (пешрави) ба амал меояд.

Дар мавриди дар дастгохи пармакуни сурох карда шудани масолех хар ду наму­ди харакатро парма ба чо меорад, дар дасттохои дигар бошад, масолехи коркардашаванда чарх мезанаду парма пеш меравад. Хангоми Пармакуни режими буриш аз руи суръати буриш v (суръати даврагии нуктаи аз мехвари парма дуртарини теги бурандаи он, метр/дакика) ва бузургии д и х и ш s (кучиши тирии парма дар дар як даврзани миллиметр/гард) муай­ян карда мешавад.

Хосилнокии Пармакунииро вакти  а с ос и и технологи Т0= L/ns дакика (L — кучиши парма дар самти дихиш, миллиметр; п—басомади чархзании парма, гард/дакика) муайян мекунад, 2) дар коркарди чуб — просесси бо парма сурох кар­дани чуб ва масолехи чубист, инчунин коркарди комахо, чукурчаи дандонахо ва гайра. Дарачоти дакики дар ин вакт аз руи диаметр ба 2—3, аз руи умки сурох ба 3—4 мерасад. Басомади чархзании парма хангоми сурох кардани чуб 3000—12000 гард/дакика, бузургии дихиш аз 0,1— 0,5 миллиметр /гард (барои чубхои сахт) то 0,7—2,2 миллиметр /гард (барои чубхои нарм) мебошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.