Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Парламент

Парламент

Парламент (англиси parliament, Франсави, parlement, аз parler —гуфтан), дар давлатхои буржуази муассисаи олии намояндаги. Аввалин маротиба дар Англия дар асри 13 хамчун органи намояндагии табакави ба вучуд омад; баъди револютсияхои буржуазии асрхои 17—18 ахамияти калон пайдо кард. «Парламент» хамчун номи хос ифодаи муассисахои намояндаги дар Британияи Кабир, Франсия, Италия, Япо­ния, Канада, Белгия, Хиндустон ва гайра мебошад; дар Штатхои Муттахидаи Америка ва мамлакатхои Америкаи Лотини  Парламент (органи олии намояндаги) — конгресс, дар Швесия — риксдаг, дар Финлян­дия —• сейм, дар Норвегия — стор­тинг ва гайра ном дорад.

Сохти дупалатагй ва якпалатагии Парламент аз хам фарк дорад. Давлатхое, ки сохташон федеративист, Парламенти дупалатаги доранд (Штатхои Муттахидаи Америка, Канада, Республикаи Федеративии Германия, Австралии ва гайра). Палатахои поёни дар Парламенти дупалатаги ва Парламенти якпалатаги бевосита интихоб мешаванд; палатахои болои бо рохи интихоботи бевосита ва бавосита (Хиндустон, Франсия) ташаккул ёфта, як кисми аъзоён мувофики вориси ва таъиншави мавкеи худро ишгол менамоянд (Британияи Кабир, Канада). Дар пала­тахо комитет ё комиссияхое ташкил мешаванд, ки пешаки лоихаи конун  дигар  масъалахоро дида мебарояд.

Дар аксарияти мамлакатхои ка­питалисти сессияи Парламент як сол (бо таътилаш) давом мекунад, депутатхо музди кор мегиранд. яъне парла­ментархои касби хисоб меебанд. Праламенти дупалатаги ба мамлакатхои буржу­азии Европаи Гарби мансуб аст, чунки системам дупалатаги дар он чо хамчун созиши муайяни байни буржуазияи) аъёну ашроф дар давраи револютсияи буржуази ба вучуд омада буд.

Нашри конунхо, кабули бючети давлати, конуни намудани шартно- махо, таъини назорати констнтутсиони ва гайра вазифан Парламент мебошад. Дар мамдакатхое, ки хукумат дар назди Парламент масъул аст, Парламент хукуматро ташкил карда, фаъолияти онро назорат мекунад. Дар баъзе {мамлакатхо (Республикаи Федеративии Германия, Италия) интихоби президент вазифан Парламент аст. Идеологхои буржуази Парламентро зухуроти олии  демократия мешуморанд. Дар Парламентхои давлатхои буржуази аксариятро намояндагони синфхои истиморгар ташкил мекунанд.

Парламент дар асоси хукуки интихоботи (пурра ё кисман) ташкил меёбад. Тарзи ташкил ва гузаронидани интихобот имкон медихад, ки буржуазия намояндагони хакикии халкро аз иштирок дар фаъолияти Парламент дур созад (масалан, дар конгресси Штатхои Муттахидаи Америка коргарон нестанд, дар хайатк Палатам общинаи Англия, ки соли 1970 интихоб шудааст, хамаги 38 коргар буда, дар бундестаги Республикаи Федеративии Германия коргарон хамаги 7%иро ташкил медиханд). Шумораи намояндагони синфи кор­гар кам бошад хам, доирахои монополистиро мачбур мекунанд, ки вазифахои Парламентро дар идоракунии давлати буржуази махдуд созад. Аксар Парламентхо хусусияти сирф сохта дошта, дар идоракунии давлати буржуази органхои ичроияи хукумат мавкеи асоси доранд.

Ин органхо фаъолия­ти конунгузории Парламентро низ назорат мекунанд. Парламент аппарате надорад, ки аз болои мошини пуриктидори бю­рократи назорат кунад. Капитали монополисти ба воситаи партияхои сиёсии худ, ки дар Парламент фраксияхо доранд, кори онро ба манфиати худ равон мекунад. Мавкеи хакикии Парламентро дар хаёти сиёсии хар як мамлакат тезутундии зиддиятхои синфи, муносибати фраксияхои партияви дар Праламент, дарачаи инкишофи идорахои парламенти, кувваю нуфузи ташкилоти синфи коргар му мекунад. Нигаред, низ Парламентаризм.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.