Маълумоти охирин
Главная / Техника / Парки мошину трактор

Парки мошину трактор

Парки мошину трактор дар хочагик кишлок, мошинхое, ки ба­рои механиконидани киштукори растанихои хочагии кишлок заруранд. Парки мошину трактор аз гуруххои зерин иборат аст: тракторхо (шассихои худгард) чун воситаи энергетикии универсали; мошинхои хочагии кишлок, ки ба тракторхо агрегатонида мешаванд (плугхо, тухмипошакхо, сихмолахо, култиваторхо, алафдаравакхо, мошинхои гуногуни гайрихудгарди хосилгундор ва гайра); мошинхои мустакил амалкунандаи хосилгундор; мошинхои стационари, ки механизмхои индивидуали ё гурухии кисмхои кориашон харакатдиханда доранд; мошинхои наклиёти.

Мувофики талаботи механизаси­яи комплекси мошинхои хочагии кишлок, ки ба Парки мошину трактор дохил мешаванд, барои киш­тукори зироати чудогонаи хочагии кишлок дар асоси бахисобгирии хусусиятхои истехсолоти минтакахои гуногуни  табиию иклими ба комплекси  муттахид мешаванд. Структураи, комплексхои мошин дар натичаи махсусгардонии хочагихо, инчунин вобаста ба технологияи истехсолот  ва хусусиятхои табиию иклимии ба  интихоби мошинхо таъсиррасон тагйир меёбад. Асоси истифодаи иктисодии Парки мошину трактор аз риояи коидахои истифодаи техники, сари вакт ба кор андохтани парк, таъмини такрористехсоли васеъ дар асоси техникаи нав иборат аст.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …