Маълумоти охирин
Главная / Илм / Паразитология

Паразитология

Паразитология (аз юн. раrasitos — паразитхо ва …логия), илми биологии комплексиест, ки зухуроти паразитизми олами хайнонотро хаматарафа меомузад. Паразитология илмест, ки ба­рои (хифви сихатии одам ва хайво­нот хизмат мекунад, зидди паразит­хо ва касалихои сирояти даво меёбад. Аз ин чихат Паразитология бо илмхои зо­ология, ботаника, тиб, ветеринария, химия ва гайра сахт вобаста аст. Паразитология бо масъалахои экологи низ машгул аст, зеро он муносибати байни паразиту хомилро муайнн менамояд ва то чи андоза бо таъсири мухити беруна вобаста будани онхоро тадкик меку­над.

Бо вучуди ин аз илми экология тафовут дорад. Зеро организми хомил барои паразит мухити беруна  аст ва он мухит ба паразит тавассути организми хомил таъсир мерасонад. Паразитологияи замони хозира методхои тадкикоти биохимияви, иммунологи ва электронию микроскопиро васеъ истифода мебарад. Истифодаи методи иммунологи хусусиятхои муносибати ботинии паразиту, хомилро зохир мегардонад.

Тадкики микрос­копию электронии паразитхои соддатарин (якхучайраги) нишон медихад, ки онхо бар хилофи акидаи пе­шина сохти мураккаб доранд. Маълум гардид, ки паразитхои дохили хучайра бо рохи аз ин пеш ба илм номаълум — ба воситаи «ултраситостомхо» (онхоро бо микроскопи опти­ки дида тавонистан амри мухол аст) ва пинотситоз (моеъро якчоя бо моддахои дар вай халшуда чабида гирифтани руи хучайра) гизо мегиранд.

Паразитология ба якчанд соха таксим мешавад:    Паразитологияи умуми (конуниятхои муштараки паразитизмро меомузад), Паразитологияи т и б б и (паразитхои одамро меомузад), Паразитологияи ветеринари (дар бораи паразитхои хайвоноти хонагию хочагии кишлок бахс мекунад) ва Паразитологияи  а г рономи ё фитолатологи (паразитхои растаниро меомузад).

Тадкики паразитхо, ки бештари онхо ба тахаввулоти гуруххои муайяни хомил зич алокаманданд, барои муаёян кардани филогения ва роххои ташаккули фаунаи хомил маълумоти мухим медихад. Дар Паразитологияии замони хозира проблемаи махсусият, яъне ба як хомили муайян ё як гурухи хомилои (мухити зист) мутобик шудани паразитхо ахамияти калон пайдо мекунад, чунончи, паразити якххчаира (Leishmania tropica) танхо дар хучайрахои сафеди хун (лейкотситхо), эндотелияи рагчахои пусти одам зиндаги карда, касалии лейшманиози пуст (пашшахурда, чарохати пендини, чарохати багдоди)-ро ба вучуд меорад. Паразитхое мавчуданд, ки факат дар организми хомил зиндаги карда метавонанд, масалан, паразитхои хуни одам Plasmodium vivax, Pl.falciparum, Pl. Tropica , ки онхоро паразитхои хоси махдуд меноманд.

Паразитхое хастанд, ки хомили бисёр доранд — дар чинсхо, оилахо ва хатто каторхои хайвонот зиндаги мекунанд.Ин гу­на паразитхо (аз кабили кайк, хармагас, канаи иксоди ва гайра) хамрохи сохиби худ, яъне хомиле. ки барояшон мухити зист аст, дар руи за­мин пахн шуда метавонанд. Мухити зисти паразит ду хел мешавад: му­хити дарачаи аввал — организми хомил, мухити дарачаи дуюм — мухите, ки нисбат ба хомили паразит таъсири беруна хисоб меёбад. Мувофики акидаи Е. Н. Павловский ва В.   А. Догел, таъсири беруна ба па­разит тавассути мухити дарачаи ав­вал, яъне ба воситаи организми хо­мил мегузарад. Мушохидахои В. А. Догел нишон доданд, ки паразитхои организм аз таъсири беруна тагйир меёбанд, Вазъи физиологии организми хомил низ дар тагйири таркиби онон ахамияти калон дорад. Асосгузорони равияи Паразитологияи экологи Е. Н. Павловский ва В. А. Догел ,мебошанд.

Дар хар як организм паразитхои гуногун зиндаги мекунанд. Чунончи, паразитхои якхучайра дар хун,. рууда, паразитхои пахнкирм дар чигар, руда, паразитхои гирдкирм дар майнаи сар, гурда, чашм, тахти пуст ва гайра дучор мешаванд. Мачмуи паразитхои организми хомилро паразитосеноз меноманд. Таркиби паразитотсеноз вобаста ба дигаргуншавии шароити беруна ва холати физиологии организми хомил тагйир меёбад. Таркиби паразитотсенози хайвони алафхур аз дарранда фарк мекунад.

Паразитологияи барои экология, палеогеогра­фия, халли проблемахои гуногун, таълимоти эволютсиони материали фаровон медихад. Тадкикоти алокахои мураккаби байни паразит ва мухит ахамияти назари дорад ва ба­рои дарёфтани чорахои зидди пара­зит зарур аст. Бинобар ин Паразитология бо эпи­демиология ва эпизоотология алокаи зич дорад.

Яке аз сабабхои пахнштавии пара­зитхо ва ба организм рох ёфтани касалихои паразитию сирояти хашароту канахои хунмак мебошанд, ки хангоми макидани хун касалиро аз якорганизм ба организми дигар мегузаронанд. Касалихоеро, ки барангезандаи онхо ба воситаи хашароту канахо гузаронида мешаванд, касалихои трансмиссиви меноманд. Дар Точикистон аз чунин касалихо — безгак (варача), риккетсиозхо, листериозхо, тейшманиозхо, тейлориозхо хеле кам руй медиханд. Барангезандаи баъзеи ин касалихо хайвонот ва паррандахои ёбоиро ба касали тирифтор мекунад. Вале барангезандаи баъзеи дигарашон ба организми хайвони вахши зарар намерасонад.

Таълимоти акад. Е. Н. Павловский ва шогирдонаш оид ба манбаи табии дошгани касалихои трансмиссивии одам ва хайвоноти хочаги дар Паразитология, инчунин тиб ва ветеринария барои мубориза бар зидди касалихои трансмисияви ахамияти калон дорад. Дар табиат манбаи касалихо бисёранд. Баран­гезандаи ин касалихо (вирусхо, бактерияхо, риккетсияхо) дар байни бандпойхои хунмак (кана, хашарот) ва мухрадорон (хояндахо, хашаротхурхо, паррандахо ва гайра) гардиш мекунанд. Агар одам ва хайвони хонаги ба хамин мухит афтад, сироят меёбад. Роххои мубориза ба мукоби­ли ин касалихо: методхои терапия, санитарию гигиени, профилакти.

Пеш акидае вучуд дошт, ки гуё паразитхо дар организми одам худ аз худ пайдо мешаванд. Истифодаи методи экоперимеогали дар ишкишофи Паразитология давраи наве кушод. Ихтирои микроскоп, пайдоиши усулхои махсуси техникаи микроскопи ба кашфи олами микроорганизмхо имконият дод.

Дар нимаи дуюми асри 19 мавчудияти як катор паразитхои соддатарин ва барои одам (безгак, лейшманиоз ва гайра) ва хайвоноти хонаги (пироплазмоз, тейлориоз, коктсидиозхо ва гайра) хавфнок ошкор гардид. Дар Рос­сия Г. Гросс аввалин шуда амёбаи паразити одам ва Д. Ф. Лямол паразити соддатарин (якхучайра)— лямблияро кашф карданд. Тадкикоти паразитологи баъди Револютсияи Октябр ба таври амали чараён гирифт, микдори муассисахое, ки бо халли про­блемахои Паразитология машгуланд, зиёд шуданд, шумораи коркунони илми — паразитологхо чанд маротиба афзуд, доир ба систематика ва фаунистикаи гуруххои гуногуни хайвоноти паразит асархои калон ба вучуд омаданд.

Дар Точикистон ба тадкикоти па­разитологи олими барчастаи рус Е. Н. Павловский бунёд гузошта  аст. Маълум аст, ки оид ба муборизаи зидди паразитхои одам (ришта, кичча, пашшахои хунмак ва гайра) бо­ри аввал Абуали Сино тавсияхо пешниход кардааст. Илми Паразитология бошад, дар РСС Точикистон танхо баъд аз омадани экспедитсияи паразитологии Е. Н. Павловский (1928) ба вучуд омад ва равнак ёфт. Е. Н. Павловский бо шогирдонаш барномаи васеи тадкикоти паразитхои одам ва хайвоноти хонагиро пешниход кард ва барои амали гардонидани он соли1932 дар Душанбе Ст. параэвтологи ташкил намуд, Худи хамон сол дар Душанбе Институти тадкикоти илмии безгак (варача) таъсис ёфт. Соли 1934 Ст. паразитологи бо ташаббуси Е. Н. Павловский ба сектори зоология ва паразитологияи Базаи точикистонни АФ СССР ва соли 1941 ба Институти зоология ва паразито­логия табдил ёфт. Соли 1951 ин институт ба хайати муассисахои илмии шуъбаи биологии АФ РСС Точикистон дохил гардид.

Соли 1954 ба ин институт номи Е. Н. Пав­ловский дода шуд. Дар Институти зооло­гия ва паразитологияи АФ РСС Точикистон, шуъбаи махсуси Паразитология мавчуд аст, ки ходимони илмии он дар сохахои гуногуни Паразитология тадкикот мегузаронанд. Дар (омухтали паразитхои одам ва хайвонот ходимони илмии кафедрахои зоологияи УДТ ба номи В. И. Ленин, Институти давлатии педагогии Душанбе, Институти давлатии педагогии Ленинобод, Институти тадкикоти илмии ветеринарии Вазорати хочагии кишлоки РСС Точикистон низ кори илми мебаранд. Дар РОС Точикистон шуъбаи республикавии Чамъияти умуиииттифокки протозоологхо низ мавчуд аст.

Олимони мо асосан паразитхои мохии обанборхо, пахнкирмхои паррандахо, паразитхои гов (гелминтология), тейлориозхо ва коктсидиозхо, плазмодияхои паррандахо, эктопаразитхои хайвоноти ширхор ва паррандахои республикаро тадкик мекунанд.

Ад.: Скрябин К. И., Ш у л ц Р. С., Основы общей гельминтологии, М., 1940; Павловский Е. Н., Руководство по паразитологии человека с учением о переносчиках транмисоивных болезней.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …