Парадигма (аз юн. рparadeigma— намуна, мисол), системаи шаклхои мухталифи як калима, ки шакливазкунии онро аз руи категорияхои грамматикии ба он хос (аз руи чинс, шумора, падеж тагйир ёфтани исмхо; шахсу шумора дар феълхо) ифода менамояд; накши (сурати) тагйирёбии калима мувофики категорияхои грамматики — тасрифи исмхо, таорифи феълхо. Шаклхои вохидхои забон ва маънои онхо дар Парадигма зохир мешавад. Маънои грамматики бошад ба воситаи чузъи чудогонаи Паралигма ифода меёбад.
Масалан, категорияи номуайяниву шумора дар исм (хона — хонае, хона — хонахо), дарача дар сифат (хуб—хубтар—хубтарин), шахсу шумора дар феъл (мехонам, -и, -ад, -ем, -ед, -анд). Ба Парадигма ягонаги ва айнияти асосхо хос аст. Дар забоншиноси онро дар шакли чадвали анчомахо ифода мекунанд. Масалан, Парадигмаи калимаи хова ин аст: хонахо, хонае, хонаи, хонаро, хонаам (-ат, -аш, -амон, -атон, -ашон). Парадигма ва муносибатхои парадигматики дар хама киемхои забон — фонетика, морфология, синтаксис инчунин семасиология, лексика, кадимасози ва гайра дида мешаванд. Масалан, 1) Парадигмаи фонема — мачмуи тобишхои конунии фонема мебошад, ки ба холатхои гуногуни фонетики (мавкеи зада, сохти хичо ва гайра) вобаста аст.
Аз он чумла, фонемаи и дорои вариантхои гуногун — кушод (дарози), пушида (сиёх), акибизабони (хирмаи), ноустувор (шитоб), устувор (тира) ва гайра мебошад; 2) Парадигмаи морфема; рохбар — рахбар, медихам — дех; 3) Паралигмаи лексики: тифл — кудак — наврас — чавон; 4) Парадигмаи семантики: мактаби миёна — (мактаби махорат — мактаби забоншинони; 5) Парадигмаи калимасози: подабон—колхозчи—охангар—омузгор; 6) Парадигмаи морфологи: гуям — гуй— гуяд—гуем—гуед—гуянд. Дар Парадигмаи морфологи асоси шаклхои грамматикии як калима монандии маънои лугави ва сохти муайяни грамматики дорад. 7) Парадигмаи синтаксиси: Ахмад хонд — Ахмад хонда истодааст — Ахмад мехонад. Интихоб ва истифодаи чузъхои Парадигма (аз тарафи гуянда ё нависанда) ба шароити нутк ва максади мубодила (коммуникатсия) марбут аст. Дар забоншиносии муосир масъалаи Парадигма, парадигматика ва синтагматика макоми махсусе доранд. Он бар таълимоти Фердинанд де Соссюр оид ба мувосибатхои парадигматикии байни вохиддон забон (дар хотири одамон) ва синтагматики — паихами (дар чараёни нутк) асос ёфтааст.
Ад.: Солнцев В. М., Язык как системно-структурное образование. М., 1971; Березин Ф. М., Головин Б. П., Общее языкознание. М.. 1979.