Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Папуа Гвинеяи Нав

Папуа Гвинеяи Нав

Папуа Гвинеяи Нав (Рарuа New Guinea), давлатест дар кисми чанубу шарки укёнуси Ором. Кисми шарки чанубии. Гвинеяи Навро бо чазира ва галачазирахои Бисмарк, Соломон, Д, Антркасто, Луизиада, Тробриан, Муруа, умуман такрибан 200 чазираи калону хурдро дар бар мегирад. Масохаташ 462,8 хазор кма. Ахолиаш—3 млн нафар (1980) Шумораи ахолии тагчой—670 хазор, аз он чумла 570 хазор папуасхо, 100 хазор меланезихо, бокимонда австралию европоихо ва гайра. Маркази маъмурнаш — шахри Порт-Морсби. Забони расми — англиси: Зиёда аз 90% ахоли насрони.

Соли 1884 кисми шимолу шарки чазираи Гвинеяи Навро Германия забт кард ва ба он Замини император Вил­гелм ном дод. Дар даврав Чанги якуми чахони Германияи Навро кушунхои Австралия ишгол карданд: Кисми чанубу шарки чазираи Гвинеяи Нав, ки Папуа ном дошт, аз соли 1684 то 1905 дар тасарруфи Англия буд — аввал чун протекторат (то 1888), баъд чун мустамлика. Соли 1905 ба ихтиёри Австралия гузашт. Хукумати Австралия соли 1949 Папуа ва Гвинеяи Навро аз чихаати маъмури муттахид кард. Ба туфайли харакати озодихохии халк 1 декабри 1973 Папуа— Гвенеяи Нав истиклоли дохии ба даст овард ва 16 сенябри 1975 давлати мухтор эълон шуд. Сардори давлат маликаи Британияи Кабир, намояндаи у генерал- губернатор аст (уро парламенти Папуа-Гвенеяи Нав ба мухлати 6 сол таъин менамояд). Органи конунбарор парламенти якпалатаги. Партияхои асосиаш: Панг у п а р т и. Таъсисаш 1966. П а р тияи х а л к и и прогрессиви. Таъсисаш 1970. Партияи милли. Таъсисаш 1979. Конгресси иттифоки касаба дорад.

Кариб 40%’ ахоли бо дехкони ва чорводори машгул аст. Зироатя асосии хочагии кишлок норчил, кахва, какао, шоли, чой ва гайра. Соли 1972 мамлакат 95 хазор гов дошт. Корхонахои саноати чубгари ва хуроквори таракки кардааст. Сарватхои зеризамини: мис, охан, никел, сурб, малган, платина, тилло, ангишти бур. Рохи охан надорад. дарозии рохи мошингард —16,2 хазор км. Бандархои асосии бахри: Порт- Морсби, Рабаул, Лаэ. Маданг. Аэропортхо: Порт-Морсби ва Лаэ. Мам­лакат ба хорича копра, равгани норчил, кахва, чой, какао, каучук, чуб, тилло, мис мебарорад ва аз хорка хуроквори, нушоки, тамоку, мошин, тачхизот, молхои саноати мегирад. Шарикони асосии тичоратиаш: Британияи Кабир, Австралия, Япония. Вохиди пул—кина.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …