Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Папирус

Папирус

Папирус, як навъ гиёх аст, ки дар даврахои кадим аз он барои хатнависи материал тайёр мекарданд. Дастхати дар ин материал навиштаро низ Папирос гуянд. Папирос чун материали хатнависи дар Мисри Кадим такрибан дар аввали хазораи 3 то мелод ихтироъ гардид ва миёнахои хазораи 1 то мелод ба дигар мамлакатхои бахри Миёназамин низ пахн гашт. Барои тайёр намудани материали хатнависи шохахои Папиросро тунук-тунук бурида, пахлуи хам ду кабат чида, хар ду кабатро сахт фишурда ба хам мечаспонданд ва мехушконданд. Чанд тахтаи онро нуг ба нуг часпонида, лула месохтанд. Харчанд ки дар Миср дар асри 8 когаз бештар истифода мешуд, ин чо Папиросро дар асри 9 мелод хам ба кор мебурданд.

Матнхои Папиросро папирусшиносон, мисршиносон, сомишиносон ва дигар меомузанд. Папирос мухимтарин манбаест дар омузиши хаёти иктисоди, мадани ва сиёсии Мисри Кадим ва олами атика. Аз Миср ба гайр аз Папироси Мисри Кадим ва кибти матнхои юнонию сомия асрхои 6—5 то мелод низ ёфт шудаанд.

Ад.: Коростовцев М. А., Введе­ние в египетскую филологию, М.. 1963.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.