Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пантуркизм

Пантуркизм

Пантуркизм, идеологияи бур­жуазии миллатчигию шовинистиест, к и мувофиди он хамаи халкхоя туркзабон, пеш аз хама, туркони мусулмом, як миллатанд ва бояд бо сарварии Туркия дар як давлат муттахид шаванд.

Пантуркизм дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ба вучуд омада, чун идомаи туркизм (идеологияи пешинаи миллатчигии буржуазии турк) инкишоф ёфт. Он баъди Революстияи чавонтуркхо (1908) ва пурзур шудани мохияти иртичони сиёсати партияи «Иттиход ва таракки» нуфуз пайдо карда, дар арафаи Чанги якуми чахон чои туркизмро комилан мегирад. Намояндаи авва­лин ва асосгузори маънавии П. Юсуфбой Окчур-угли (Юсуф Акчу­рин) буд. Мувофики таълимоти Пантуркизм як кисми миллатхо аллакай хароб шудаанд (юнониён, форсхо ва арабхо), кисми дигар ба интихо мерасанд (халкхои Европа), сеюминашон (худи туркхо) инкишоф меёбанд.

Тартиби «ягонагии милли»-и хамаи халкхои туркзабон, «афзалияти нажоди»-и онхо нисбат ба халкхои дигар низ иддаои Пантуркизм аст. Пантуркизм истисмори халкхои майдаро маъкул дониста, накшахои истилогаронаи доирахои иртичоаи Туркияро хак мебаровард. Пантуркизм Россияро монеаи асосии амали шудани накшахои худ медонист ва бо бахонаи «химоя»-и манфиатхои миллии халкхои туркзабони Россия бар зидди Рос­сия мубориза мебурд. Маслан, маркази муттахидаи чамъняти пантуркистхо «Иттиход ва таракки» (баъди шикастхурии Туркия дар Чанги якуми чахони «Миллии иттиход» ном гирифтааст), ташкилоти аксулинкилобии миллатчигии «Комитети милли», «Совети кишварии мусулмони» («Шурои исломия») ба хамин максад таъсис шуданд.

Фаъолияти ин ташкилотхо боиси гардид, ки як катар кормандони партиявию сиёси дар фаъолияти худ ба миллатчиги рох доданд. Сар задани ин хатохо бесабаб набуд. Он вакт муборизаи синфи бо иштироки кувваю чараёнхои мухталифи сиёси шиддат мегирифт; вазифахои сохтмони сотсиализм нав ва мураккаб буданд; таъ­сири идеологияи буржуазии миллатчиги ва феодалию клерикали калон буд, баъзе коркунони органхои партиявию совети бошанд, тачрибаи кофии рохбари надоштанд. Чунин вазъият муносибати куввахои револютсиони ва ичроияро пуршиддат гардонда, ба муборизаи идеологии чараёнхои мухталифи сиёси таъсири калон расонд.

Алалхусус дар сохаи адабиёт муборизаи идеологи тезу тунд шуд. Ин мубориза нафакат ба мукобили нодурустфахмин ахамият ва мавкеи адабиёти нави сотсиалисти, балки бар зидди миллатчиги, махсусан пантуркисти низ бурда мешуд. Баъди галабаи Револютсияи Октябр дар Узбекистон бо номи «Чагатой гурунги» («Сухбати ахли чагатой») чамъияти адабие ташаккул ёфт. Сарвари он пантуркистони миллатчии буржуази буданд. А. Фитрат илхом- бахши гояви ва ташкилотчии чамъ­ияти мазкур буд.

Назариётчиёни он Револютсияи Октбрро «ходисаи соф руси» дониста, акидан ба давраи Чингиз ва Темур баргаштан, кабул намудани забони пешинаи сунъии «чагатой»-ро таргиб менамуданд. Аъзоёни чамъи­яти «Чагатой гурунги» ва «Кизил калам» («Калами сурх») аз сахми халки точик дар хазинаи маънавии тамаддуни чахони, муборизаи у ба мукобили ачнабиён сарфи назар карда, хукуки онро ба давлатдории милли рад мекарданд. Аз ин ру, мубориза ба мукобили Пантуркизм ва чараёнхои дигари миллатчигии буржуази шарти зарурии инкишофи республикаи чавони советии Точикистон ва адабиёти он буд.

С. Айни дар ин мубориза фаъолона иштирок кардааст. У дар мак. «Кобилияти ташкилотии точикон» (газетаи «Овози точик», № 7, 1924), ва дигар асархои худ мохияти хакикии Пантуркизмро ошкор кардааст. Асархои мазкури С. Айни дар тартиби сиёсати миллии партия хизмати калон карданд. Чунки дар он вактхо пантуркистон ба мукобили таксимоти милли игво пахн мекарданд ва ин сиёсати миллии партияро «парча-парча» кардани туркхо мешумурданд ва бар зидди барпо шудани Республикаи Советии Точикистон бошад, боз хам сахтар игво пахн мекарданд. Асархои Айни бо фактхои таърихй пардаи он игвогаронро дарронд ва ба дахони онхо мухри хомуши зад.

Сиёсати партия дар ин давра пеш аз хама, ба он нигаронида шуда буд, ки таъсири таргиботи Пантуркизм бартараф карда, дастурхои сиёсию идеологии онхо фош ва барбод дода шаванд. Дар халли ин масъала тадбирхои Партияи коммунисти ахамияти калон доштанд: махв намудани низои байналмилли ки онро куввахои аксулинкилобии дохили ва беруни дастгири мекар­данд муборизаи доими ба мукоби­ли миллатчиги дар дохили партия,  ба мукобили накшахои худсаронаи пешвоёне, ки таъсиси Партияи ком­мунистии алохидаи «турки»-и Осиёи Миёнаро мехостанд; ба даъвохои шовинистпи пантуркистон мукобил гузоштани программаи муайяни милли, ки ташкили давлатдории миллии мустакил ва мухтор максади олии он мебошад; аз хурофотхои шовинистию миллатчиги амин доштани коркунони партиявию совети. Партияи коммунисти ба туфайли ин тадбирхо оммаи мехнаткашонро дар атрофи худ муттахид намуда, кушишхои иртичоии Пантуркизмро барбод дод.

Пантуркизм нуфузи худро минбаъд дар доирахои иртичоии Туркия нигох доштааст. Намояндагони Пантуркизм дар солхои Чалги дуюми чахон бо Германияи фашисти алока пайдо карда, ташкилоти худ «Легиони Туркистон»-ро таъсис ва маъракаи зиддисовети ташкил карданд, ки даъват ба забт намудани сарзамини совети максади асосии он буд. Аз ин ру, Пантуркизс ба сафи идеологияи фашисти хамрох шуд. Баъди Чанги дуюми чахон доирахои иртичоии Туркия Пантуркизмро чун яке аз воситахои асосии ба амал овардани сиёсати зиддикоммунистии худ истифода мебаранд.

Ад.: «Мир Ислама», т. 2, Вып. 9, СПБ; 1913; История таджикского наро­да, т. 3, кн. 1, М., 1964; Шари нов И.. Предпосылки преобразования обществен­ных отношений в Таджикистане на пути некапиталистического развития, ч. 1, Д., 1973; х а м о п муалл.. Преобразова­ние социально-политических отношений в Таджикистане на пути некапиталисти­ческого развития, ч. 2, Д., 1976.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.