Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пантограф

Пантограф

Пантограф (аз юнони рan, раntos— хама ва grapho —менависам), асбобест барои рубардор кардани нахшахо, харитахо ва гайрахо дар микёси хурд. Пантографро бо андозахои гуногун ва конструксияхои хархела месозанд. Масалан, дар расм Пантографи овеза тасвир ёфтааст, ки вазни хаткашхои онро тарангии ресмонхои кашанда кам мекунад харакати Пантограф овеза назар ба конструксияхои дигар нарму равон буда, нусхахои ба воситаи он хосил шуда нисбатан сахехтаранд.

Пантограф аз чор хаткаши чуфт-чуфт параллел иборат аст, ки дар нуктахои А, В, С, Д шарнири пайваст карда шу­даанду параллелограмми АВСД-ро ташкил медиханд. Нуктаи А (кутб) бехаракат буда, дар нуктаи Ф сузан (барои рудавон кардани нусхаи асл) ва дар нуктаи К калам (барои кашидани нусхаи хурдкардашуда) чойгир карда шудааст. Нисбати масштабхои оригинал ва нусхаро бо рохи кад-кади хаткашхои АЕ ва ВF кучондани хаткаши СD тагйир до­дан мумкин аст; дар як вакт бояд калами К-ро чунон кучондан лозим, ки нуктахои А, К ва Р дар як хати рост вакеъ гарданд. Ба ин васила шабохати шакли нусха ва шакли оригинал хосил мешавад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.