Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Пантикапей

Пантикапей

Пантикапей (юнони Pantikapai- on), шахри атика дар Крими Шарки (хозира шахри Керч). Дар нимаи якуми асри 6 то мелод онро зодагони Ми­лет бунёд кардаанд. Шояд пеш ин чо тичоратгохи ионихо бошад. Номи шахр, эхтимол, аз ибораи эронии пантикапа — рохи мохи (ишора ба сермохигии халичи Керч) ба вучуд омадааст. Пантикапей зуд ба шахри калон табдил ёфт. Пантикатей дар нимаи дуюми асри 6 то мелод пули фулузии худ (асри 4 то мелод тилло ва нукра)-ро сикка мезад.

Дар нимаи якуми асри 5 то мелод шахрхои юнонии хар ду сохили халичи Керч бо Пантикапей муттахид шуда, давлати Босфорро ташкил карданд. Пантикапей пойтахти хамин давлат ва маркази асосии савдо, хунарманди ва маданияг гардид. Шахр дар пастхами ва доманаи кух вокеъ гардида буд. Дар куллаи он ибодатгоху кушкхо ва бинохои чамъияти бунёд гардиданд. Вокеахои тунду тези сиёсии асрхои 2—1 то мелод ва заминчунбии сахти солхои 60 асри 1 то мелод Пантикапейро хеле хароб карданд.

Дар охири асри 4 мелод Пантикапейро гуннхо ба за­мин яксон намуданд. Дар даврахои аввали асрхои миёна он Босфор ном дошт. Аз нимаи якуми асри 19 хафриёти археологии Пантикапей сар шуд. Аз охири асри 19 И. Е. Думберг ва дар аввали асри 20 В. В. Шкорпил хафриёти археологи гузарониданд, аз соли 1945 бошад, онро В. Д. Блаватскин ва И. Д. Марченко мунтазам давом медиханд.

Ад.: Б л а в а т с к и й В. Д., Лантика- пей. Очерк истории столицы Боспора, М., 1964; Пантикапей, М., 1957—02 (Ма­териалы исследования по археологии СССР, № 56, 103); Марченко И., Го­род Пантикапей, Симферополь, 1974.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …