Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пантеизм

Пантеизм

Пантеизм (аз юнини раn — хама ва theos —худо), таълимоти фаленфиест, ки худоро ба олам баробар мекунад. Истилохи “пантеист”-ро соли 1705 файласуфи англис Толанд ва итилохи «Пантеизм»-ро соли 1709 харифи у факехи нидерланди Й. Фае ба или дохил кардаанд. Таълимоти пантеист акгар дорои тамоюлхои нату­ралистие буд, ки дар он худо ва табиат яксон ва ба хам омехта донис­та мешуд. Ин чихати таълимоти Пантеизм охириро ба материализм наздик ва аз дин дур мекунад. Гояхои пантеисти дар афкори фалсафии Хиндустони Кадим (махсусан дар барахма­ния, хиндуия ва веданта), Хитои Кадим (даосизм) ва Юнини Кадим (Фалес, Анаксимандр, Анаксимен) чой доштанд.

Вале азбаски дар давраи политеизм мафхуми худо хамчун рухи ягонаи чахони хануз» ташаккул наёфта буд, таълимотхои мазкур яке аз шаклхои гилозоистии (ниг. Гилозоизм) зиндагардонии олам буду бас. Пантеизм дар асрхои миёна бар хилофи фахмиши теистии худо, ки дар таълимоти дини яхуди, масехият ва ислом чой дошт, рухи чахонии бешакл ва нихон дар табиатро эътироф мекард. Намояндагони он хусусан дар Шарки Миёна ва Наздик таълимоти навафлотуниёнро асоси таълимоти худ карор медоданд. Масалан, Ибни Сино, Насируддини Туси ва дигарон дар асл мавчудияти худоро эътироф кунанд хам дар боби пайдоиши олам назарияи судурро пазируфтаанд, ки дар он худо факат хамчун мохият ва сабаби аввал дониста шуда, просесси пайдоиши зинахои мухталифи олам дар заминаи таълимоти пантеистии навафлотуниён шарх дода шудааст.

Мувофики ин таълимот олам на ба таври иттифоки, балки дарача ба дарача халк шудааст, ки яке нисбат ба дигаре иллат мебошад. Аз ин ру, ходисахо дар силсилаи маротиби вучуд ба кадиму ходис, мутакаддиму мутааххир, вохиду касир ва нихоят тому нокис таксим мешаванд. Чунин акидаи пантеистии намояндагони мактаби машшоъ дар асрхои миёна на факат ба муккобили таълимо­ти рошидии ислом рочеъ ба пайдои­ши олам равона шуда буд, балки он дар асоси принсипи сабабият до­ираи фаъолияти худоро махдуд намуда, онро бо дигар категорияхои хасти, ки ифодакунандаи чихатхои алохидаи ходисоти олами модди мебошапд, яксон медонист. Хулосан мазкур, бешубха, ифодаи чихатхои натуралисти ва огози инкишофи аф­кори материалистии мутафаккирони Шарк ба шумор мерафт.

Тобишхои гуногуни Пантеизм дар таъли­моти ахли тасаввуф ба номи «вахдати вучуд», «вахдати мавчуд», «вахдати вучуд ва касрати мавчуд» низ мушохида мешаванд. Мохияти таълимоти пантеистии- намояндагони тасаввуф (Боязиди Бистоми, Чалолуддини Руми, Фаридуддини Аттор, Абулмачди Санои, Ибни Араби ва дигарон) аз он иборат аст, ки чун асоси олам, яъне мохияти аввал ху­до мебошад инсон бояд барои дарки мохияти у бикушад ва ба воситаи сайру сулук ва бо рохи кашфу шухуд ба хак бирасад.

Яъне аз як тараф худо ба инсон мукобил гузошта шуда, аз тарафи дигар, ягонаги ва омезиши табиат бо худо му­шохида мешавад, ки хусусияти ирфонии таълимоти тасаввуфро дар асрхои миёна ифода мекунад. Яке аз тобишхои аввалини материалистии Пантеизмро дар Гарб Давиди Динани дода аст. Мувофики акидаи у, мате­рия, хирад ва худо ягонаанд. Давраи инкишофи босуръати тамоюлхои натуралистии Пантеизм ба давраи Эхё рост меоянд. Аввалин шахсе, ки дар ин давр бо Пантезм шугл варзидааст, Ни­колаи Кузани буд. Инкишофи Пантеизс дар Европаи Гарби ба асри 16 ва ибтидои асри 17 тааллук дарад.

Дар ин давр Пантеизм асоси бисёр таълимотхои натурфалсафиеро ташкил медод, ки ба мукобили креатсиониз­ми динхои монотеиотии хукмрон нигаронида шуда буд. Дар таълимоти Кардано, Ф. Петрики, Т. Кампанелла, Ч. Бруно Пантеизми дорои хусусиятхои натурфалсафи ошкоро мушохида ва худо харчи бештар бо таби­ат омехта мешуд.

Пантеизм минбаъд ба туфайли галабаи эътикодхои мухталифи протестанти дар Европаи Гарби хамчун шакли эътирози мазхабхои таназзулёфта амал намудааст. Акидахои пантеисти дар Европаи Гарби дар таълимоти Б. Спиноза ба гояти инкишоф расид. Решахои охири, дар навбати худ, аз сарчашмаи гоявии фалсафии Ибни Сино об хурдааст. Мувофики акидаи Ф. Энгелс систе­махои фалсафии идеалистони немис Ф. В. Шеллинг ва Г. Гегел кушиш мекарданд, ки аз мавкеи пантеизм зиддияти руху материяро ошти диханд (Маркс К. и Энгелс Ф., Соч., 2 ИЗД., Т. 21, с. 285),

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.