Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Пант Сумитрапандан

Пант Сумитрапандан

Пант Сумитрапандан (20. 5. 1900, Каусани, округи Алмора — 1978), шоири хинду. Ба забони хинди ме­навишт. Дар пайравии Р. Такур ва нависандагони романтики европои асар эчод кардааст. Шеърхои лирикии давраи чавониаш (мачмуахои «Гунчахо”, 1928; «Нагмаи занбури асал», 1932) аз мехру мухаббат ба ватан ва хиссси ватандусти саршоранд.

Дар назми солхои 30 (мачмуахои «Анчоми аср», 1936; «Садои аср», 1939) асри таъсири гояхои пешкадам ба мубориза барои озод шудан аз зулму истибдоди ичтимои ва мустамликави даъват мекард. Дар ин давра забон ва услуби Пант ба забони халк хеле наздик гардид. Солхои 40—50 бо таъсири назариёти М. К. Ганди дар эчодиёти Пант равияи гума­низм ривоч ёфт.

Таваччухи у ба гояхои дигаргунсозии сотсиалистии чамъият дар мачмуаи «Нурхои заррин” (1947), песахои манзуми «Куллахои нукрафом» (1951), «Рассом» (1952) ифода ёфтаанд. Дар эпопеяи «Дайри халоик» (1964) Пант тачрибаи хаёти ва эчодиашро ба таври фалсафи чамъбаст кардааст. Чанде аз сахифахои достон ба тавсифи комёбихои СССР бахшида шудаанд. Пант соли 1961 чоизаи Академияи адабиёти Хиндустонро гирифтааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …