Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панорама

Панорама

Панорама (аз юн. рan — хама ва horama — манзара), дар санъа­ти тасвири лавха ё суратест, ки манзара ва вокеаро васеъ инъикос мекунад. Дар Панорама манзара ва ходисаи матлуб бовусъат ва зинда акс мегардад. Бо максади тачассуми зиндаи манзара ба тасвир предметхои хакики ё бутафори (хонахо, чизхо, одамон ва хайвонхои гуногун) ило­ва карда мешаванд. Барои боз хам хаккони вонамуд шудани манзара нури чарогро истифода мебаранд.

Панорама дар бинои махсуси мудаввар сохта мешавад, ки дар мобайнаш майдоичаи тамошо дорад. Якумин Панорамаро дар охири асри 18 дар Эдинбург рассоми ирланди Р. Баркер эчод кард. Дар асри 19 офаридани Панорамахое, ки сахнахои мухорибаро тасвир мекарданд, хеле инкишоф ёфт.

Дар Россия Панорамаи барчастатаринро мусаввир Ф. А. Рубо офарид («Мудофиаи Севастопол”, ки соли 1905 кушода шуда, солхои 1941— 1942 хангоми мудофиаи Севастопол сахт осеб дид ва соли 1954 аз нав бар­карор ва кушода шуд; «Мухорибаи Бородино», соли 1912 дар Москва кушода шуд ва 1962 аз нав боз гардид). Мусаввирони совети М. Б. Гре­ков, Г. К. Савитский, И. П. Соколов Скаля, Н. Г. Котов ва дигарон дар жанри Панорама асархо эчод кардаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.