Маълумоти охирин

Панно

Панно (аз лотини раnnus — порчаи матоъ), 1) изораи девор ё хошияи сакфи бино, ки дар он расм ва ё накш кашида бошанд. 2). Як намуди санъати тасвири, ки асосан барои ороиш аст; аз равган ва темпера истифода мебаранд. Дар нитерер ва экстерерн бино, доими ва муваккати месозанд. Дар Юнон, Рими Кадим ва дар давраи Эхёи Европа намунахои барчастаи Панно офарида шудаанд. Санъати девору шифти хонаро хо­тамкорию кошикои кардан дар Осиёи Миёна аз замонхои кадим маъмул аст. То замони мо Паннохои ёдгорихои меъмории аввали асрхои миёна — надкшунигори девори Болаликтеппа, Афросиёб, Панчакент, Варахша ва Истаравшан боки мондааст.

Баъди истилои араб бо расм у сурат оро додани бино дар Осиёи Миёна аз байн рафт ва чои онро накшхои хандаси гирифт. Дар ёдгорихои асри 14 шахрхои Самарканд, Бухоро, Хирот, Балх ва дигар марказхои мадании точикон Паннохое хастанд, ки аз санъати баланди хотамкорию кошикори дарак медиханд. Рассомони имрузаи Точикистон низ бинохои шахру дехотро бо мусаввара ва накшунигори гуногун зинат медиханд. Масалан, Паннои мусаввирон 3. Хабибуллоев, В. Боборикин ва Д. Бегимов дар девори кинотеатри «То­чикистон» (Душанбе, ибтидои солхои 60) як намунаи он аст.

Манзарахои ин Панно корномахои халк — сохтмони ГЭС-и Норак, обёрии даштхои Ёвон, тараккиёти хочагии вилояти Бадахшон, инкишофи илм, маданият ва санъати Точикистонро рамзан дар бар гирифтааст. Дар чойхонаи «Фарогат»-и Душанбе рассомон С. Нуриддннов ва Э. Муллобоев бо усули кошикори Панное офаридаанд, ки дар он духтарони раккос ва хофиз дар либоси милли тасвир шудаанд. Мусаввир А. Аминчонов дар девори кинотеатри Норак ва Филармониян давлати Паннохое офаридааст, ки намунахои хуби ин санъат дар рузхои мост. Панное, ки аз чуб дар бинои сирки Душанбе сохтаанд (муаллифон В. Одинаев, С. Шарифов ва С. Нуриддннов), низ хеле чолиб аст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …