Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панкреатит

Панкреатит

Панкреатит (аз юв. pankreas — гадуди зери меъда), газаки гадуди зери меъда. Панкреатит ду хел мешавад: ша­дид ва музмин. Хелхои зерини Панкриатити шадид маълуманд; хунрав, некрози, фасоди ва гайра. Панкреатити шадид аз таъсири микробхои гуногун сар мезанад. Дар натичаи аз меъер зиёд хурок хурдан, беморихои меъдаю рудаи дувоздахаи гушти ва роххои захраю чигар, тангшавии шохахои гадудхо ва гайрахо пайдо мешавад.

Асоси патотенези Панкреатит шадидро худ аз худ халшавии гадуди зери меъда аз таъсири ферментхои он — трипсин, химотрипсин, липаза ва гайра ташкил медихад.  Хангоми вайровшавии бофтахои гадуди зери меъда кининхо (моддахое, ки фишори хуни артериявиро паст мекунанд) хосил мешаванд; онхо гардиши хунро дар гадуд вайрон карда, боиси бо хун омехта шудани захра ва ихтилоли деворахои гадуд мегарданд. Дар вакти Панкреатит шадид харорат баланд мешавад, шикам сахт дард мекунад, дил бехузур шуда одам беист кай мекунад.

Панкреатит м у з м и н аз баста шудани роххои гадуди зери меъда дар натичаи беморихои руда ба вучуд меояд. Хангоми чараёни он гадуди зери меъда хурд ва роххои он танг мешавад. Дар вакти авч гирифтани бемори он тарафе, ки гадуди зери меъда чойгир шудааст, дард мекунад. Бемор зафъи дил шуда, аз хол меравад. Перитонит, думмал, диабети канд ва гайра боди Панкреатитанд.

М у о л и ч а: пархез, истифодаи воситахои захрарон, антибиотикхо, препаратхои зидди ферменти ва гайра; хангоми муътадилии бемори муоличаи курорти.

Ад.: Ш е л а г у р о в А. А„ Болезни поджелудочной железы. М., 1970.

 

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.