Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панислозим

Панислозим

Панислозим, идеологияи динию сиёсиест, ки исломро чун воситаи таъмин намудани умумияти фавкулмилли, фавкулсинфии пайравони он истифода бурда, муттахидшавии сиёсии мусулмонхоро бо сарварии халифа аз хама гуна иттиходи дигари давлатию сиёси авлотар медонад. Панисломизм чуй чараёни сиёси дар солхои 90 асри 19 ташаккул ёфтааст. Дар ибтидои асри 20 пурзуршавии истисмори капиталисти, мустамликагардонии мамлакатхо боиси зухур ёфтани Панисломизм  гардидааст.

Зеро мамлакатхои сусттараккикардаи Шарки Миёна ва Наздпик ба фишори давлатхои империалисти тоб оварда натавониста, динро чун омили муттахидкунии мусулмонон истифода бурдаанд. Иде­ологи аввалини Панисломизм Чамолуддини Аф­гоани буд. Туркия, ки мамлакати нисбатан тараккикардаи он давр буд, ба маркази олами ислом табдил ёфт. Хокимони турк худро «хомиёни ола­ми ислом» эълон карда, мекушиданд Панисломизмро ба максадхои сиёсии худтобеи Туркия кардани мамлакатхои мусулмон истифода баранд. Аъёну ашрофи махалли, кисми иртичоии рухониёни мусулмони Осиёи Миёна бошанд, даъвохои панисломии хокимони туркро дастгири мекарданд.

Хифзи истиклолияти давлатхои феодали ва бунёди марказу ташкилотхои сиёсии мусулмони, ки мебоист ба устуворшавии хукмронии феодалхо мусоидат мекард, мохияти асосии Панисломизмро ташкил медод. Идеологхои Панисломизмро барои хак баровардани даъвохои сиёсии худ аз чунин далелхо истифода ынабурданд: олами масехи (Гарб) бо максади нест кардани давлатхои мусулмон ба мукобили Шарк алалхусус, бар зидди ислом муттахид шудаанд; исломро бад дидан хислати халкхои масехист ва гайра. Бинобар ин мусулмонон бо максади таъмини истиклолияти ислом бояд иттифоки химояи мусулмонони тамоми чахонро ташкил кунанд.

Аммо таргиби гояи дар асоси ислом муттахидшавии мусулмонон ба якшавии миллату халкиятхои мазлуми Шарк ва муборизаи онхо бар зидди мустамликахохони ачнаби халал мерасонд. Дар ибтидои асри 20 ин зиддият боиси он гардид, ки Панисломизм мохияти зиддимустамллкавии худро гум карда, ба яроки гоявии пешбарии сиёсати иртичоли синфхои хукмрон табдил ёфт. Ин буд, ки пайравони Панисломизм дар Осиёи Миёна бар зидди Россия бархоста, ниятхои мочарочуёнаи Туркияро тарафгири карданд.

Мохияти иртичоии Панисломизм махсусан дар арафаи револютсияи пролетари равшан зухур ёфт. Панисломизм ба монеаи асосии мут­тахидшавии интернатсионалии мехнаткашони Осиёи Миёна ва пролета­риати Россия, ташаккули шуури револютсионии онхо табдил ёфт. Синф­хои истисморкунамда мехостанд бо ёрии Панисломизм муборизаи озодихохии милли ва синфии мехнаткашонро ба муборизаи  дини табдил диханд. Рухониёни мусулмон бо ин максад хамаи мусулмонони Осиёи Миёнаро ба муборизаи зидди «кофирон» даъват намуда, дар байли халкхои гуногун тухми кину адоват мекоштанд. Ташкилотхои буржуазию миллатчигии «Шурои исломия» ва аксулинкилобии «Шурои уламо» бо хамин максад таъсис шуда буданд.

Ташкилотхои мазкур дар вукуи чанги граждани ва харакати босмачигари мавкеи муайяни иртичои доштанд. Алалху­сус, шиорхои авомфиребонаи онхо дар бораи «озодии миллат», «мухторияти милли», «ташкили давлати ягонаи исломи» ва гайра ба бедории шу­ури мехнаткашон монеае гардид. Махз аз хамил сабаб соли 1917 аз руи принсипи миллию дини дар Хучанд «Иттифоки депутатхои акибгох», «Иттифоки Коргарони рус», «Иттифоки коргарони мусулмон», дар Са­марканд «Иттифок», дар Куканд «Иттифоки мусулмонони мехнаткаш» ва гайра ташкил карда шуданд. В. И. Ленин мохияти зиддихалкии Панисломизм ва ба ин монанд чараёнхоро ошкор сохта, навиштааст, ки онхо «…харакати озодихохии зидди империализми Европа ва Америкаро бо мустахкам намудани мавкеи хонхо, помешикон, муллохо ва гайра пайваст кардани мешаванд» (Ленин В. И., Ас., д. 31, сах. 146). Партияи коммунисти нишондодхои В. И. Ле­нин ро сармашк карда, барои муттахид намудани куввахои демократии Осиёи Миёна ва аз банди таъсири бою рухониён рахо намудани онхо мубориза бурд.

Инак, соли 1917 бо ташаббуси «Иттафоки коргарони рус» тамоми ташкилотхои мехнаткашони миллатхои гуногуни нохияи шимоли Точикистон дар як ташкилот муттахид шуданд. Ба миллату халкиятхои гуногун додани хукуки худмуайянкуни, нест кардани хама гуна имтиёзхои миллию динии онхо, халкхоро на аз руи мансубияти динию мазхаби муттахид намудан, балки инкишофи мустакилона ва озодонаи онхоро таъмин кардан, пропагандаи гояи дустию бародари, хамкорию ёрии хамдигарии халкхо, ба мукобили таасуби дини ва чараёнхои иртичои суботкорона мубориза бурдан — ин хама тадбирхои сари вактию, мухимми партия буданд, ки накшахои ха­тарноки Панисломизмро барбод дода, онро чун идеологияи иртичои махв кард.

Панисломизмро дар арафа ва рафти Чанги дуюми чахони ба ягонагии сафхои харакатхои озодихохии милли таъсири манфи расонда, манфиатхои синфии империализмро дар Шарк хифз намудааст. Он имруза хам монеаи якдилии халкхои Осиё ва Аф­рика ва инкишофи афкори чамъиятии мамлакатхои мусулмон, ташаккули шуури худшиносии синфию миллии онхо мебошад.

Ад.: «Мир Ислама», т. 2, в. 9, СПБ, 1913; История таджиконого народа, т. 3, ин. 2, М., 198А; Шарапов И., Предпо­сылки преобразования общественных от­ношений в Таджикистане на пути нека­питалистического развития, ч. 1, Д.. 1973; ха мо и му а л л.. Преобразова­ние социально-политических отношений в Таджикистане на пути некапиталисти­ческого развития, ч. 2, Д., 1976.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.