Маълумоти охирин

Панин

Панин (асрхои 5—4 то мелод) забоншиноси Хиндустони кадим. Яке аз асосгузорони забоншиноси, ки назарияхои структурализм, семиотика ва мантики забоншиносиро ба миён овардааст. Дар шахри Таксил тахсил кардааст. Намояндаи мактаби забоншиноси Хиндустони Шимоли. Панини аввалин шуда дар Хиндустон грамматикаи нормативии забони хиндии кадим — «Аштадхйаи» («Хашт китоб»)-ро навиштааст.

Хар китоби он аз чор боб иборат буда, 4 хазор сутра (коида)-ро бо тавсифи пурраи фонетика, морфология, калимасози, синтаксиси санскрит ва кисман забони веди (дар мукоиса бо санскрит) дарбар мегирад. Панини дар «Аштадхйаи» аз мафхумхои хиссахои нутк, реша, суффикс ва гайра исти­фода кардааст. Умуман грамматикаи Панини нахустин намунаи тавсифи системаноки забон мебошад.

Забоншиносони Хиндустони кадим Патанчали (асри 2 то мелод), Чаядита ва Вамани (асри 7) бо номхои «Махабхашйа» («Тафсири бузург») ва «Кашикавритти» («Тафсири банораси») ба асари Панини тафсир навиштаанд. Грамматикаи Панини ба забонхои франсави ва англиси тарчума ва нашр шудааст (1948-54; 1962).

Ад.: Димри Дж. П., Панини и его «Восьмикнижие», «Народы Азии и Аф­рики» , 1973, № в.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …