Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панфиловчиён

Панфиловчиён

Панфиловчиён, аскарони дивизияи тирандозии 316-ум, ки дар солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—1945) корнамои кардаанд. Дивизия (командираш генерал-майор Й. В. Пан­филов) июл-августи 1941 дар Алмаато аз собик полкхои 1073, 1075 ва 1077- уми тирандози ва 857-уми артиллери фарохам омад. Охирхои август ба хайати армияи 52-юми фронти Шимолию Гарби дохил шуд. 7—10 октябри онро ба самти Волоколамск равона карданд. Солхои 1941—1942 дар хайати армияи 16-ум дар мухорибаи Моск­ва фаъолона иштирок намуд.

14 октябри дивизия бар зидди куввахои душман, ки хеле зиёд буд, дар тарафи гарби Волоколамск чангхои сахти мудофиави бурд. Дивизия дар ин чангхо кахрамонии оммави нишон дод. 16 ноябр хучуми нави фашистон ба Москва сар шуд. Дар ин руз 28 нафар чанговарони собик ротаи 4-уми баталёни 2-юми полки тирандозии 1075-ум бо сардории В. Г. Клочков (рохбари сиёси), ки Дубосековом назди Волоколамскро Мудофиа мекарданд, кахрамонии бемисол нишон доданд: дар чанги 4-соата 18 танки душманро нобуд карда, кариб хамаашон, аз чумла В. Г. Клочков халок гардиданд.

Бо укази Президиуми Совети Олии СССР аз 21 июли 1942 ба иштирокчиёни ин мухориба номи Кахрамони Иттифоки Совети дода шуд. Дивизия 17 ноябри 1941 барои корнамоии кахрамононааш бо ордени Байраки Сурх сарфароз гардид. 18 ноябри он ба дивизияи 8-уми гвардияги табдил ёфт ва 23 ноябри номи И. В. Панфиловро гирифт.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.