Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пандномаи 3ардушт

Пандномаи 3ардушт

«Пандномаи 3ардушт» [но­ми дигараш ба забони пахлави «Ч и- докандарзипаредкешон »— «Чидахои (мунтахаби) андарзхои доноёни пешгузаштаи дин»], яке аз ёдгорихои адабиёти пахлави, пандномаест аз таълифоти Зардушт — писари Озарбади Маураспандон. Такрибан дар асрхои 4—5 иншо шудааст.

«Пандномаи 3ардушт» чунон ки аз чумлахои аввалинаш бармеояд  дастуре буд оид ба асосхои зардуштия ва шарху баёни матолиби дини ба тарзе ки доноёни пешин (бузургони пешгузаштаи дини зардушти) истикрор карда буданд. Хусусияти дигари «Пандномаи 3ардушт» ин аст, ки дар китоб хаъйатхои «бишнавед…», «гуш фаро доред…» ва гайра истифода шудаанд, ки суханони муаллифро пуртаъсир мекунанд. Кисмати охири «Пандномаи 3ардушт» манзумаест ба забони пахлави (форсии миёна):

Дорам андарзе аз доноён,

Аз гуфтаи пешиниён.

Ба шумо бигузорам

Ба рости андар чахон.

Ба гети густох мебошед,

Бас орзу андар чахон.

Чи гети ба нас набинхиштаанд,

На кушку на хонумон…

«Пандномаи 3ардушт» ба гайр аз матолиби дини, андарзу хикматхои амалии барои хар як фарди чомеаи онруза зарурро дарбар гирифтааст. Дар асар инчунин киссаву ривоятхои асотири, киссахои пахлавонону шохони Эрони кадим махфуз мондаанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …