Маълумоти охирин
Главная / Илм / Панднома

Панднома

Панднома, мачмуи панду хикмат ва насихату андарзхо оид ба таргиби ахлоки нек ва накухиши ахлоки бад, масъалаи давлатдори, мазхаб ва сиёсат, ки чун рисолаю китоб ва мачмуахои алохида ё бобу фасли асархои калони фалсафи, ахлоки, хикмат, сиёсат, тасаввуф, дастурхо ва гайра мураттаб карда мешаванд. Ин навъи адабиёт (манзум ва мансур) дар замонхои кадим дар Юнон, Миср, Хиндустон, Эрон, Хитой, Япония ва гайра вучуд доштааст.

Пандномахои эрони дар ахди шохони Эрони бостони дар замани Сосониёя, хоса давраи подшохии Хусрави Анушервон (531—578), ривоч доштаанд. Дар «Ал-Фехрист» 14 китоби Пандномахои пахлави номбар шудааст. Дар дав­раи навини адабиёти форс-точик (асрихои 9—15) Пандхои сосони бо Пандхои юнони, хинди ва араби омезиш ёфта, дар шаклхои гуногун давом кардаанд, ки машхуртарини онхо порчахои бокимондаи «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома»-и Рудаки, «Офариннома»-и Абушакури Балхи, «Зафарнома»-и Абуали ибни Сино, бахшхои «Пандномаи Анушервон» ва «Пандномаи Бузургмехр»-и «Шоднома»-и Фирдавси мебошанд.

Дар даврахои охир (баъди асри 15) мачмуае бо номи «Пандномаи Бузургмехр» дучор мешавад, ки омехтаи ин Пандномахо буда, аз саволхои Бузургмехр ва чавобхои Арасту иборат аст. Бахшхои Пандномахо дар асархои Носири Хисрав, Низоми, Саъди, Амир Хусрави Дехлави, Чоми низ вомехуранд. Киоматхои насихат ба фарзанд, насихат ба подшохон дар маснавию китобхои ахлоки, бахшхои чудогона аз «Кобуснома», «Сиёсатнома» низ ба хамин навъи адабиёт дохил мешаванд.

Пандномахо ба се гурух таксим меша­ванд: Пандномахои умуми, ки барои хукмронхо ва ашрофзодагон навишта шудаанд («Кобумнома», «Сиёсатнома», «Насихат-ул-мулук»); Пандномахое, ки барои чавонмардон навишта шудаанд («Панднома»-и Шайх Аттор) ; Пандхое, ки барои фарзандон навишта шудаанд (Низоми, Чоми). Аммо хамаи ин Пандномахо чанбаи умумиинсони доранд, зеро онхо бо манфиати шахсони алохида ё гурухи одамон махдуд намешаванд.

Пандхои хеле барчастаи Пандномахо дар шакли маколу зарбулмасал, латифа ва беш аз хама хикматхои халки басе машхур гардида, кайхо боз чузъи адабиёти лафзии халк карор гирифтаанд. Пандномахои форсию точики ба забонхои руси, англиси, немиси, забонхои турки, араби ва гайра тарчумаю нашр шуда­анд.

Ад.: Абулкосиш! Фнрдавсй, Шохнома, Ч11лдхои 1—9, Д., 1964;

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …