Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Панчшири Дастагир

Панчшири Дастагир

Панчшири Дастагир (таваллудаш 1933, дехаи Кобзони рухаи Палчшири вилояти Парвони Афгонистон), нависанда, ходими партияви ва давлатии Афго­нистон, яке аз асосгузорони Партияи Демократии Халки Афгонистон (ПДХА). Мактаби ибтидоиро дар Хирот (1948), дорулмуаллимил ва уни­верситет (факултети адабиёт ва улуми башари) -ро дар Кобул (1958) хатм кардааст. Солхои 1958-1959 мудири тадкики рузномаи миллии «Анис», 1959-1960 мудири китобхонаи Вазорати иттилооту маданият ва муаллими адабиёти дорулмуаллими н и Кобул, 1960—1962 дар хизмати харби буд.

Солхои 1962—1969 дар вазорати иттилооту маданият дар вазифахои гуногун шугл варзид. Барои таргибу ташвикот ва фаъолияти сиёсиаш як чанд бор ба хабс гирифта шуда буд (соли 1969 ба мухлати 6 сол ва гайра). Аз соли 1978 баъди галабаи Инкилоби Савр — вазири таълиму тарбияи РДА, аз 26 августи 1978 то 27 декабри 1979—вазири фавоиди оммаи РДА, аз 30 августи 1980— узви кароргохи марказии амнияти кишвар, масъули амнияти вилояти шимолу шарки кишвар, вилоятхои Хироту Мазори Шариф. Аз соли 1983 Раиси иттиходияи нависандагони Афгонистон.

Дар огози таъсиси ПДХА аъзои Комитети Маркази, муншии Комиссияи назарияви ва таблиг, муншии Комиссияи моли, муншии Комиссияи назорат ва контроли ПДХА ва муншии Комитети вилоятии шахри Кобул ва узви равобити Комитетхои вилоятии Шибиргон, Фороб, Парвон, Копишо, Самангон ва Балх буд. Аз соли 1979 аъзои Бюрои Сиёсии КМ ПДХА ва раиси контроли хизбии КМ ПДХА. Панчшири адиб ва журналисти бомахорат буда, дервакт дар даричахои «Халк«, «Парчам» ва «Анис» хамкори карда, ашъору макола ва осори илмию адабии худро ба табъ расондааст ва акидахои пешрави захматкашонро тибки сиёсати ПДХА ва асосхои назарияи марксизм-ле­нинизм таргиб кардааст. Панчшири баъди Инкилоби Савр ба Иттифоки Совети, аз чумла РСС Точикистон борхо ташриф овард.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …