Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Панчобихо

Панчобихо

Панчобихо, ахолии асосии ви­лояти чугрофи ва таърихии Панчоб (территорияи хозираи штатхои Панчоб, Харяна дар Хиндустон ва музофоти Панчоб дар Покистон). Шумораашон зиёда аз 70 млн нафар (1978). Аксарияти Панчоб бо забони панчоби гап мезананд, акаллият бо забони хинди (дар Хиндустон), бо лахчаи линди (лахнда) ва забони урду (дар По­кистон). Кисми зиёди диндорон дар Хиндустои — сикххо ва пайравони хиндуия, дар Покистон бошад, кариб хама мусулмонанд.

Панчобихо аз гуруххои мухталифи этники — чотхо, рачпутхо, гучархо фарохам омадаанд. Панчобихо аз хазораи 3 то мелод хамчун офарандагони маданияти баланд (тамаддуни Хараппа) ва асосгузори давлатхои пуриктидор (Таксила ва гайра) маълуманд. Машгуляти асосии Панчобихо зироат (бештар гандумкори дар заминхои оби) буда, бофандаги, кулоли, колинбофи ва кандакории бадеии руи чуб низ равнак ёфтаанд. Аз байни Панчобихо (хусусан дар Хиндустон) як катор коргарони мутахассис ва бисёр зиёиёни техники ба камол расидаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …